Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯшониён бинои Муассисаи таҳсилоти томактабиро мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 07.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 7 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи Кӯшониён бинои Муассисаи таҳсилоти томактабиро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои Муассисаи таълимии томактабӣ бо тарҳи зебову замонавӣ қомат афрохта, аз 2 ошёна ва 8 ҳуҷраи таълимӣ барои кудакон иборат мебошад. Ҳамзамон дар бинои асосии Муассисаи томактабӣ ҳуҷраҳои фарҳангӣ, ҳамшираи тиббӣ, синфхонаи компютерӣ, ошхона ва дигар утоқҳои ёрирасон ҷойгир буда, барои 150 кӯдак пешбинӣ шудааст.
Масоҳати умумии иншооти таълимӣ 4500 метри мураббаъ мебошад. Дар қисмати дигари муассиса майдончаи варзишӣ барои бозии кӯдакон ва ҳавзи шиноварӣ сохта шудааст.
Саҳни бинно пура сафолакпуш гардида, гирду атрофи он бо гулу дарахтони сояафкан оро ёфтааст.
Иншооти соҳаи маориф бо маблағи зиёда 14 миллион сомонӣ бо сифати баланд сохта шудааст.
Муассиса дорои нуқтаи гармидиҳӣ буда, дар фасли сармо биноро бо гарми таъмин менамояд.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти тозабунёд соли 2022 оғоз гардида, бо сифати баланд ва бо истифода аз масолеҳи сохтмонии ватанӣ сохта шудааст.
Зимни боздид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ тарбият намудани насли ояндасози миллат ба омӯзгорон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Бунёди бинои наву замонавии муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар ноҳияи Кӯшониён туҳфаи арзишманд ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони ноҳия номида шуд.









Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллинро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои дохилии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба ҳузур пазируфтанд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Мусоҳибаи Сафири Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар расонаҳои Миср нашр гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол
Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода шуданд






