СИТРУСПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон 7 навъи меваи ситрусиро парвариш менамояд
ДУШАНБЕ, 09.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон аз ҷониби лимӯпарвари пуртаҷриба Абдураҳим Тоҳиров меваҳои ситрусӣ, ба монанди афлесун, мандарин, грейпфрут, каламондин, кумкват, лайм ва лимӯ парвариш карда мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Ҷайҳун Диловар Собирзода иттилоъ дод.
Абдураҳим Тоҳиров ниҳолҳои ситрусиро дар гармхонаи наздиҳавлигиаш минтақабоб намуда, сипас дар хоҷагии деҳқонияш ба парвариши онҳо оғоз намуд. Аллакай ин боғбон дар 3 гектар боғи лимӯ дорад, ки ҳар сол аз он ҳосили фаровон ҷамъоварӣ мекунад.
Абдураҳим Тоҳиров иброз намуд, ки «ниҳолҳои ин меваҳои ситрусӣ ба тариқи пайванд бештар карда мешаванд. Онҳо дар сесолагӣ ба ҳосил медароянд. Аммо ниҳоли афлесуну мандарин чун лимӯ серҳосил нестанд ва одатан дар ду сол як маротиба ҳосили хуб медиҳанд. Агар сол мусоид ояд, аз як ниҳол 30-40 килограмм мева метавон ҷамъоварӣ намуд. Умуман, аз афлесуну мандарин фоидаи хуб ба даст овардан кори осон нест. Аз ин дарахтон қаламча гирифта, дар ниҳолҳои лимӯ пайванд мекунем. Ниҳолҳои пайвандшударо ба нафароне, ки ба парвариш кардани ин навъи меваҳои ситрусӣ ҳавас доранд, пешниҳод месозем».

Каламондин намуде аз меваҳои ситрусӣ аст. Ҳарчанд каламондин зоҳиран ба афлесун монанд аст, аммо шаклан бисёр хурд буда, таъмаш низ аз афлесун фарқ дорад. Зеро афлесун ширину хуштамъ буда, каламондин туршу хӯрданаш душвор аст. Дар туршӣ аз лимӯ дида бартарият дорад.
Ба гуфтаи Абдураҳим Тоҳиров, дарахти каламондин дар тамоми фасли сол ҳосил медиҳад. Дар як вақт дар ниҳоли он ҳам гул, ҳам ғурраю ҳосили нимрасида ва ҳам меваи пухтарасидаро метавон мушоҳида кард.
Кумкват мевае аст, ки ҳаҷман ба олуболу ва шаклан ба лимӯ монандӣ дорад, аммо тамъи он ба мисли мандарин аст. Ранги меваҳои он норинҷӣ буда, онро одатан бо пӯсташ истеъмол мекунанд. Ба маълумоти мутахассиси меваҳои ситрусӣ, ниҳоли кумкват аз 2 то 5 метр баланд шуда, вобаста ба ҳаҷм 100 ё 1000 дона мева бастани як ниҳол имконпазир аст. Кумкват растании тропикӣ аст, ки ба оилаи ситрусӣ мансуб мебошад. Меваи он фортунелла ва кинтан низ ном дорад. Ватани он манотиқи кӯҳсори Чин аст. Онро бештар Индонезия, Ҷопон, Юнон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико содирот мекунанд.
Ин мева хушк ва тару тоза мебошад. Он дорои бисёр витаминҳо: A, C, E, B1-6, калий ва калтсий, оҳан, магний, мис, натрий ва фосфор мебошад. Онро бештар барои бемориҳои зуком, меъда ва асабу депрессия тавсия медиҳанд.
Афлесун. Дар таркиби он то 88,6 фоиз об, 6,2-9 фоиз қанд, 1,4 фоиз ҷавҳар, 0,49 фоиз намакҳои маъданӣ, 0,47 фоиз ғоз (клетчатка), 0,93 фоиз моддаҳои пектинӣ, витамини B1, В2, С, РР, В, Р мавҷуд аст. Инчунин пӯсти он то 75,93 фоиз об, 7,96 фоиз қанд, 0,22 фоиз ҷавҳар, 0,67 фоиз намакҳои маъданӣ, 3,49 фоиз ғоз, 4,74 фоиз моддаҳои пектинӣ, витамини С, РР, B1 ва В2 ва то 2 фоизи дигар равғани эфир дорад.
Табибон мева ва афшураи онро ҳамчун воситаи иштиҳоовар, талхарон ва пасткунандаи фишори хун тавсия медиҳанд. Меваи афлесунро барои табобати атеросклероз, фарбеҳӣ ва бемориҳои ҷигар тавсия медиҳанд. Табибони халқӣ онро бо мақсади муолиҷаи захму яраи сироятёфта истифода менамоянд. Моддаҳои пектинии таркиби он фаъолияти рӯдаҳоро беҳтар намуда, барои пешгирии қабзият муфид аст. Махсусан онҳо дар мубориза бо саратони ҷигар, пӯст, шуш, сина ва меъда самаранок истифода мешаванд.
Истеъмоли зиёди афлесун ба луобпардаи меъда, рӯда ва гурдаҳо зиён дорад. Аз ин рӯ, онро барои беморони захми меъдаву рӯдаи дувоздаҳангушта, энтеритҳо, илтиҳоби рӯда, холетсистит, гепатит ва нефрит тавсия намедиҳанд.
АКС аз манбаъҳои боз








ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
АСОСНОККУНИИ ИЛМИИ ТАШАККУЛ ВА РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд






