Сулаймон Султонзода: «Конститутсияи Тоҷикистон барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон маҳаки асосӣ аст»

Ноябрь 6, 2024 09:30

ДУШАНБЕ, 06.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Конститутсия яке аз нишонаҳои муҳимтарини соҳибихтиёрии давлат маҳсуб шуда, хусусияти хоси давлатдории миллии соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро таҷассум намуда, моҳияти тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии давлату ҷомеаи тоҷиконро ифода менамояд. Мувофиқи моддаи 1-и он Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардида, тибқи моддаи 6-и он халқ баёнгари ҳокимияти ягона дар ҷумҳурӣ эътироф шудааст.

Бахшида ба Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабарнигори АМИТ «Ховар» бо директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия Сулаймон Султонзода мусоҳиба анҷом дод.

АМИТ «Ховар»: Ба андешаи Шумо муҳимияти таҷлили 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чӣ ифода мегардад ва нақши ин бахтномаи миллат дар ташаккули давлати муосири тоҷикон чӣ гуна аст?

Сулаймон Султонзода: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз дошта буданд, ки «Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба Истиқлолияти давлатӣ таҳдид менамуд, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё  намуда, ба­рои  аз нобудӣ наҷот  додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз паро­кандагӣ раҳоӣ бахши­дани миллати тоҷик асос гузошт. Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат ва  санади бунёдии сиё­сӣ  роҳи минбаъдаи пешрафту тараққиёти давлати озоду демократии моро муайян менамояд».

Дар воқеъ, агар аҳамияти калидии Конститутсияро таҳлил намоем, тамоми дастовардҳои соҳаҳои ҳаётан муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, таърихӣ ва фарҳангии давлати соҳибистиқлол бо ин санади таърихӣ робитаи ногусастанӣ доранд.

Аз ҷумла, бо қабули ин санади тақдирсоз ба нақш ва мавқеи шаҳрванд — дар маҷмуъ халқ ва ҷомеаи Тоҷикистон ҳамчун ун­сури марказии сиёсиву иҷтимоӣ дар идоракунии давлат ва сарчашмаи ҳоки­мияи давлатӣ будани онҳо эътибори консти­тутсионӣ дода шуда, бо эълони ҳамин меъёри конститутсионӣ тақдиру сарнавишти халқи Тоҷикистон аз иродаи худи халқ вобас­тагӣ пайдо кард.

Қабули он ба ҳама андешаҳои пучу бофта­шудаи душманони миллати тоҷик, ки давлатдорӣ ва қобилияти ташкилии тоҷи­конро нисбат ба бунёди давлати миллӣ, ҳатто ҳамчун миллат ташаккул ёфтани халқи тоҷикро  зери суол мегузоштанд, хотима гу­зошт.

Ҳоло Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид аст, аз ҷониби 192  давлати дунё ҳамчун давлати соҳибистиқлол эътироф гардидааст ва бо зиёда аз 183 мам­лакати ҷаҳон раво­бити дипломатӣ дошта, бо бештар аз 100 давлат муносибати савдову тиҷоратӣ амалӣ менамояд.  Тоҷикистон дар 57 созмони минтақавию байналмилалӣ низ узвият дорад.

Дар асоси Конститутсия дар мамлакат тамоми заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти сиёсии давлат ва мақомоти давлатӣ, сиё­сати иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва  фарҳангӣ гузошта шуд. Тавассути  Конститутсия ҳамзамон 17 қонуни консти­тут­сионӣ, 21 кодекс, зиёда аз 370 қонуни со­ҳавӣ, аз ҷумла 17 қонуни авф, 1 қо­нуни авфи амвол, 1 қонуни авфи маблағҳои ғайриқонунӣ, 29 қонуни буҷет ва зиёда аз 17 ҳазор қарори Ҳукумат танзим меша­ванд.

Ба ҳолати имрӯза зиёда аз 834 санади ҳуқуқии байналмилалӣ аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ гардида, се кодекс ва зиёда аз 110 қонун бинобар иҷрои вазифаҳои даврӣ аз эътибор соқит до­ниста шуданд.

Воқеан ба эҳтирому арҷгузорӣ сазовор будани Конститутсия дар он ифода меёбад, ки ин санади муҳим дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва дар умум барои зиндагии орому осоиштаи имрӯзаи мо дар ҳақиқат нақши таърихию калидӣ дорад.

АМИТ «Ховар»: Мегуфтед, ки қабули ин санад барои Тоҷикистони соҳибистиқлол чӣ гуна имконият фароҳам овардааст?

Сулаймон Султонзода: Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар нахустин Иҷлосияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 7 апрели соли 1995 баргузор гардид, таъкид дошта буданд, ки «акнун ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи аввалиндараҷаи худро дар он мебинам, ки кафолатҳои дар Конститутсия эълоншуда ба шиори хушку холӣ табдил наёбанд, балки моҳияти воқеӣ пайдо кунанд ва дар амал татбиқ шаванд».

Дар ҳақиқат гузашти солҳо ва 30 соли амали Конститутсия нишон дод, ки тамоми кафолатҳои пешбинигардида бо дастгириву заҳматҳо ва ҳисси ба­ланди худ­ши­но­сиву худогоҳӣ ва ҳувияти миллии Пешвои миллат дар замони соҳибистиқлолӣ татбиқ гардиданд. Саҳифаҳои нав ба нави  таъриху фарҳанги миллатамон барои халқу мил­лат боз шуданд.

Дар Конститутсия эълон гардидааст, ки асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳанд ва давлат фаъо­лияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳа­маи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти  хусусиро кафолат медиҳад.

Бо татбиқи ҳамаҷониба ва батадриҷи ин меъёри конститутсионӣ Тоҷикистон аз соли 2000 ба марҳилаи рушди устувор ворид гардида, афзоиши ҳаҷми маҷ­муи маҳсулоти дохилӣ солҳои  охир ба ҳисоби миёна беш аз 7,5 фоиз таъмин шуд, ки ин нишондиҳанда тибқи меъё­рҳои байналмилалӣ ни­шон­­­диҳандаи баланди сатҳи рушди иқ­ти­содиёт ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин дар моддаи 1-и Конститутсия омадааст, ки Тоҷикистон давлати иҷ­тимоӣ буда, барои ҳар инсон шароити зиндагии арзанда ва ин­ки­шофи озодонаро фароҳам меорад.

Барои ба амал баровардани ин муқаррароти Конститутсия сат­ҳи камбизоатӣ аз 29,5 фоизи соли 2017  то 21,2 фоиз дар соли 2023 ко­ҳиш дода шуда, дар маҷмуъ аз 83 фоизи соли 1999 то 62 банди фоизӣ дар соли 2023 паст карда шуд.

Дар  моддаи 36  Конститутсия эълон гардидааст, ки  «Ҳар кас ба манзил ҳуқуқ дорад. Ин ҳуқуқ бо роҳи сохтмони манзили давлатӣ, ҷамъиятӣ, кооперативӣ ва хусусӣ таъмин карда мешавад».

Барои татбиқи ин ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандони мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ барои таъмини эҳтиёҷоти аҳолӣ ба заминҳои назди­ҳавлигӣ 140 ҳазор гектар заминҳои корам аз гардиши кишоварзӣ бароварда шуда, май­дони заминҳои наздиҳавлигӣ дар мамлакат ба андозаи 135 ҳазор гек­тар, аз ҷумла аз ҳисоби заминҳои обӣ ба андозаи 52 ҳазор гектар зиёд карда шуд.

Ба зиёда аз 1 миллиону 420 ҳазор оилаи мамлакат барои сохтмони ман­­зили истиқоматӣ замин тақсим карда шуд. Дар маҷмуъ, беш аз 8 миллиону 800 ҳазор нафар сокинони мамлакат шароити истиқоматиашонро беҳтар намудаанд, ки аксари онҳоро оилаҳои ҷавон ташкил ме­диҳанд. Ҳамаи ин дастовард ва беҳбудиҳо аз имконияти фароҳамовардаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгириҳои ҳукумати мамлакат дарак медиҳанд.

АМИТ «Ховар»: Тавре ҳамагон огоҳ ҳастанд, соли 2024 аз ҷониби Сарвари давлат ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидааст. Ба андешаи Шумо эълони Соли маърифати ҳуқуқӣ ва дар заминаи он гузаронидани корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ дар ташаккули маърифати ҳуқуқии зиддикоррупсионии ҷомеаи имрӯза чӣ таъсир гузошт?

Сулаймон Султонзода: Дар раванди сиёсии ҷаҳони имрӯза дар баробари экстремизму терроризм коррупсия низ ҳамчун зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ барои инсоният мушкилоти гарон ба бор овардааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз оғози муқовимати расмӣ бо инамали хатарнок барои боз ҳам тақвият додани сиёсати зиддикоррупсионӣ пайваста тадбирҳои муассир меандешад. Ба ҳолати имрӯза беш аз 20 санади меъёрии ҳуқуқии комил қабул ва тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ  дар ин самт фароҳам оварда шудааст.

Муқовимат бо ин зуҳурот бе сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ мушкил буда, пешгирӣ ва коҳиш додани содиршавии амалҳои номатлуб, ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ва дар маҷмуъ таъмини низому тартибот, ташаккули фарди комилу ватандӯст ва бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ғайриимкон аст.

Мусаллам аст, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат таҳти сиёсати маърифатпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ диққати махсус дода, пайваста тадбирҳои созандаро анҷом медиҳад.

Ҳадафи асосии Соли маърифати ҳуқуқӣ баланд бардоштани донишу маданияти ҳуқуқии аҳолӣ, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона ба он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он, таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ, ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба ҳисоб меравад.

Дар ҳақиқат набудани саводнокӣ ва маърифати ҳуқуқӣ ба афзоиши ҳуқуқвайронкунӣ ва содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ замина гузошта, ба ташаккули давлати ҳуқуқбунёд, ки бевосита аз маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобаста аст, таъсири манфӣ мерасонад.

Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ шарти зарурии ташаккули давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Маърифати ҳуқуқӣ шахсро на танҳо ба анҷом додани амалҳои ҳуқуқӣ ва худдорӣ намудан аз амалҳои манъшуда водор менамояд, балки инсонро аз анҷом додани ҳар гуна кирдорҳое, ки хилофи ахлоқу маданият мебошанд, бартараф менамояд.

Аксар вақт мутахассисони соҳа сабабҳои ба ҳуқуқвайронкунӣ даст задани шаҳрвандонро дар надонистани меъёрҳои ҳуқуқ, яъне дар сатҳи ниҳоят паст қарор доштани маърифати ҳуқуқии онҳо арзёбӣ мекунанд. Зимнан тавзеҳ медиҳанд, ки албатта,  донистани меъёрҳои ҳуқуқӣ, яъне маърифати ҳуқуқӣ аз донистани меъёрҳои ахлоқӣ сарчашма мегирад.

Ҳар шаҳрванд, бахусус ҳар ҷавоне, ки меъёрҳои ахлоқиро хуб медонад ва онҳоро ҳамеша риоя мекунад, албатта, меъёрҳои ҳуқуқиро низ ба осонӣ аз бар мекунад ва ба васила батадриҷ сатҳи маърифати ҳуқуқиаш низ боло меравад.

Пеш аз ҳама, мо бояд  дар доира ва меҳвари ин санад зистанро омӯзем, меъёрҳо ва муқаррароти онро қоидаи рафтори худ қарор диҳем ва арзишҳои онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Ҳамчун бузургтарин дастовард, роҳнамо ва пайвандгари наслҳо онро дар қатори чунин  ифтихору сарбаландии инсонӣ ва миллиамон, амсоли Ватану миллат, худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ ҷой диҳем.

 Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 6, 2024 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Дар Тоҷикистон чор фурудгоҳи байналмилалӣ фаъолият доранд
«БАРНОМАИ РУШДИ СОҲАИ ҶАНГАЛ БАРОИ СОЛҲОИ 2022-2026». Дар Тоҷикистон майдони дарахтони мевадиҳанда 592 гектарро ташкил медиҳад
Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОНКҲО. Бонки миллии Тоҷикистон дар таъмини рушди иқтисодиёти миллӣ нақши назаррас дорад
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2025» татбиқ мегардад
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ОИЛА. Он барои таҳким бахшидани пояҳои оиладорӣ таҳия гардидааст
Тоҷикистон соли 2025 мизбони Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳои Созмони Милали Муттаҳид мегардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус