ТАҲТИ ҲАМИН ПАРЧАМ БА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ РАСИДЕМ. Дар Кумитаи забон ва истилоҳот ҳамоиш доир шуд

Ноябрь 23, 2024 08:38

ДУШАНБЕ, 23.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ таҳти унвони «Парчам–рамзи давлат ва Истиқлоли миллӣ» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин кумита хабар доданд.

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода иброз дошт, ки «Рӯзи Парчами давлатӣ аз ҷумлаи ҷашнҳое мебошад, ки  имрӯз симои Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, бофарҳанг ва соҳиби тамаддуни бой  дар ҷаҳон  муаррифӣ менамояд.

Рамзҳое, ки дар  Парчами Тоҷикистон интихоб шудаанд, ҳар кадоме   мазмуну муҳтавои амиқ дорад. Дар онҳо, агар  аз як тараф, гузаштаи мамлакати мо, яъне принсипи таърихият ба  эътибор гирифта шуда бошад, аз тарафи дигар, меросбарии арзишҳои  фарҳангию ахлоқӣ, маънавию илмӣ ва  арзишҳои дигаре, ки дар гузашта мавҷуд буданд ва мо имрӯз ба онҳо арҷ мегузорем, ифода ёфтаанд».

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳояшон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ иброз намуданд, ки «мо таҳти ҳамин Парчам ба ваҳдати миллӣ расидем. Дар зери ҳамин рамзи муқаддаси миллӣ мо сиёсати созандагиву бунёдкориамонро ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум дар ҷомеаи нав, ҷомеаи одӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ба пеш хоҳем бурд».

Таъкид гардид, ки мардуми шарифи Тоҷикистон Парчами давлатиро ифодагари ваҳдату ягонагӣ, бахту саодат, дӯстию рафоқат ва волотарин орзую омоли худ медонанд, зеро парафшонии парчам барои дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намудани аҳли ҷомеа, бахусус насли ҷавон нақши бориз дорад.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 2009 инҷониб 24 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ ҷашн гирифта мешавад.

АКС: Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 23, 2024 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Иссиқкӯл Бозиҳои XXIV байналмилалии варзишии кишварҳои ИДМ ва СҲШ баргузор мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Мастчоҳ вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон доир шуд
Мутахассисони алоқа «таҳаввулоти рақамӣ» пешбинӣ менамоянд
Олимони тоҷик аз қитъаҳои заминҳои таҷрибавӣ дар Яғноб ҳосили хуб гирифтанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Бӯстон бахшида ба соли нави таҳсил ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ сохтмони муассисаи томактабии «Ёсуман» ба анҷом расид
Бахшида ба Рӯзи дониш дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
МАЪРИФАТ — ПОЙДОР, ИЛМУ АДАБ — УСТУВОР. Дар ноҳияи Ёвон Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ таҷлил гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
«Ҷойгоҳи зан дар даврони Истиқлол»-таҳти чунин унвон дар Левакант конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид