ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 ноябр, чоршанбе, 332-юмин рӯзи соли 2024 аст

Ноябрь 27, 2024 08:00

Соли 1940 Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Бӯстон (Чкаловск) – и вилояти Суғд таъсис ёфт.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 дар пойтахти Англия- шаҳри Лондон таҳти унвони «Тоҷикистон дар асри XXI. Дурнамо барои рушд ва тараққиёт» конфронс доир шуд.

***

27 ноябри соли  2013 дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалии «Хизматрасонии давлатӣ: дастрас ва босифат» баргузор гардид.

***

27 ноябри соли 2015 дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 тасдиқ гардид.

***

27 ноябри соли 2016 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар кори Саммити оби Будапешт ба Венгрия сафар намуданд.

***

27 ноябри соли 2017 прокуророни генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус барномаи ҳамкорӣ байни прокуратураҳои ҳарду ҷониб барои солҳои 2018-2019-ро бо нишон додани тадбирҳои мушаххаси муштарак  ба  имзо  расониданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2019 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар иҷлосияи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон сафар намуданд.

***

27 ноябри соли 2020 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

***

27 ноябри соли 2021 Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба Туркманистон сафар намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 дар Кумитаи рушди сайёҳии назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи портали сайёҳии Тоҷикистон www.traveltajikistan.tj дар таҳрири нав баргузор гардид.

27 НОЯБР:

Дар Русия – Рӯзи қӯшунҳои баҳрӣ.

Ноябрь 27, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш