Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи комиссияи доимии экспертии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ иштирок намуд

Ноябрь 2, 2024 09:00

ДУШАНБЕ, 02.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ дар кори ҷаласаи комиссияи экспертии доимии Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба илм ва маориф, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия дар реҷаи маҷозӣ (онлайн) баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Дар рӯзномаи ҷаласа масъалаҳо «Дар бораи рӯзномаи маҷлиси Шурои экспертии илм ва маориф дар Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил», «Дар бораи тағйир додани ҳайати Шурои коршиносон оид ба илм ва маориф дар назди Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил», «Дар бораи лоиҳаи қонуни намунавӣ «Дар бораи технологияҳои интеллектуалии сунъӣ», «Дар бораи ташаккули фарҳанги ҳуқуқии интихобкунандагони ҷавон ва ояндаи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар заминаи мониторинги интихобот» ва дигар мавзуъҳои мавриди назар баррасӣ гардиданд.

Аъзои комиссия ҳамчунин равишҳои пешниҳодкардаи таҳиягаронро оид ба таҳияи лоиҳаи қонуни намунавӣ «Дар бораи чораҳо оид ба ошкор ва дастгирии мунтазами кӯдакону ҷавонони лаёқатманд» ва лоиҳаи Тавсияҳо оид ба танзими меъёрии мубодилаи байналмилалии академӣ баррасӣ намуданд.

Комиссия пешниҳодро дар бораи ворид намудани таҳрири нави қонуни намунавӣ «Дар бораи асосҳои танзими интернет» мавриди истифода қарор дод.

Ба аъзои комиссия ва коршиносон оид ба масъалахои актуалии конунгузории Федератсияи Русия дар соҳаи илм ва маориф маълумот дода шуд.

Дар рӯзномаи ҷаласа ҳамчунин фаъолияти созмони бунёдии забон ва фарҳанги кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба робита бо донишгоҳҳои кишварҳои ин иттиҳод ва баргузории Бозиҳои ҳабдаҳуми делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муаррифӣ карда шуд.

Дар интиҳои ҷаласа комиссия нақшаи кор барои соли 2024 ва лоиҳаи рӯзномаи пешакии ҷаласаи навбатии иҷлосияи баҳории соли 2024-ро баррасӣ намуд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 2, 2024 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд