ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ

Ноябрь 23, 2024 14:21

ДУШАНБЕ, 23.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҳар давлат аз қадимулайём нишонаҳои давлатдории худро дорад, ки дар сохтори давлатдорӣ ҳамчун рамзҳои муқаддас ба шумор мераванд. Парчами давлатӣ рукни  муқаддасе аст, ки симои миллии давлатро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад. Посдорӣ ва ҳимоя кардани Парчами давлатӣ — ин посдорӣ ва ҳимоя кардани Ватан, хонаводаву фарзандон ва таъриху суннатҳои халқу мамлакати худ аст.

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории муосири миллӣ марҳилаи нав оғоз гардид. Ин марҳалие буд, ки бояд рушди босубот дар мамлакат таъмин гардад, сатҳи некуаҳволии аҳли ҷомеа беҳтар шавад ва натиҷаҳои бузург дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба даст оварда шаванд.

Нишонаҳои асосии ҳар давлати соҳибистиқлол — ин доштани тамомияти арзиву ҳудудӣ ва истиқлолияти давлатӣ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ноил гардидан ба Истиқлоли давлатӣ қадамҳои аввалинро дар рушди давлатдории миллӣ гузошт. Маҳз дар сатҳи давлатдорӣ як миллат ё халқ метавонад сохти ҳаёти иҷтимоӣ, низомию сиёсӣ ва шакли идоракунии давлатро муайян кунад ва дар навбати худ низоми ҳуқуқии миллӣ таъсис диҳад.

Дар баробари соҳибистиқлол гардидан дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати нави мустақил арзи вуҷуд намуд. Тоҷикистон истиқлолияти худро эълон намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон самти сиёсати хориҷӣ ва дохилии худро мустақилона муайян намуда, дар аксар созмонҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ аъзои комилҳуқуқ гардид. Махсусан, 2 марти соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Созмони Милали Муттаҳид гардид. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои якчанд созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва фароминтақавӣ мебошад.

Тоҷикистони соҳибистиқлол самти давлатдории худро муайян намуда, низоми ҳуқуқии миллиро таъсис дод. Дар ҳамон солҳои душвор моро зарур буд, ки ҳамчун давлати соҳибистиқлол рамзҳои муқаддаси миллӣ — Парчами давлатӣ ва Нишони давлатиро қабул намоем. Инчунин шиносномаи миллат – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суруди миллиро тоҷикистониён соли 1994 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуданд. Ин буд, ки дар моддаи 3 Конститутияи Ҷумҳурии Тоҷикистон навишта шудааст: «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ мебошанд».

Мардуми шарифи Тоҷикистон тавонист, ки зери Парчами давлатӣ сарҷамъ шуда, монеаҳо ва нофаҳмиҳоро дур созад ва ба дастоварди беназир ва муҳим – сулҳу ваҳдат ноил гардад. Имрӯз сулҳу ваҳдат тавонист, ки давлати моро аз бунбасти норавшан ба сӯи нуру зиё равона кунад. Ваҳдати миллӣ бе дарки худшиносии миллӣ муяссар намегардад. Худшиносии миллӣ бино ба ақидаи соҳибназарон, дорои се нишона аст:

— фарҳанг ва расму оин;

— иқтисодиёту иҷтимоиёт;

— маърифати сиёсӣ ва давлатдорӣ.

Ин се нишонаи асосие мебошанд, ки ба таҳким бахшидани худшиносии миллӣ мусоидат менамоянд. Бояд гуфт, ки дар даврони истиқлолият барои бедории худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ, назари амиқ намудан ба таърихи миллати тоҷик, расму оинҳои миллӣ ва рушди фарҳанги миллӣ корҳои зиёде ба амал бароварда шуданд. Инчунин худшиносии миллӣ зери Парчами давлатӣ омили тақвиятбахши ваҳдати миллӣ ва ҳамгироии шаҳрвандон бар зидди таҳдидҳои ҷаҳони муосир мебошад.

Мо дар раванди таҳдидҳои ҳалокатбори ҷаҳонишавӣ қарор дорем. Дар баробари ин дар марҳалаи бузурги миллатсозиву давлатсозӣ истодаем. Муттаҳид гардидан зери Парчами давлатӣ ва тараннуми Суруди миллӣ далели дарки дурусти масъулиятшиносӣ ва худшиносии миллии қишрҳои гуногуни ҷомеа мебошад. Шаҳрвандони мо хуб огоҳ ҳастанд, ки рангҳое, ки дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтаанд – сабзу сафеду сурх — нишона аз фарҳанги сидқу вафо, ҷонбозиву сарбаландиҳо, садоқату амонат, ободии давлат, хуррамии миллати куҳанбунёд ва соҳибфарҳанги тоҷик мебошанд.

Парчами давлатӣ мазмуни амиқи фалсафӣ дошта, ҳадафҳои худро таҷассум менамояд. Парчам рамзи ифтихори ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аст. Ҳар шаҳрванд берун аз ҷумҳурӣ худро тобеи сарзамине медонад, ки Тоҷикистон ном дорад ва бо он мефахрад, зеро Тоҷикистон сарзамини сарсабзу хуррам буда, мардумаш бофарҳангу соҳибтамаддун мебошанд. Шаҳрвандони мамлакат дар дохил  ва берун аз он бо Парчами давлатӣ сарбаланд буда, бо бардоштани он ҳисси шодмонӣ мекунанд. Варзишгарони муваффақи тоҷик бо баланд гардидани Парчами давлатӣ ва садо додани Суруди миллӣ ашки шодӣ мерезанд, ки далели ватандӯстии онҳо аст.

Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон парафшонӣ намуда, ба оламиён аз мавҷудияти давлате бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда медиҳад.

Нусратулло ЗОКИРЗОДА,
 Ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа-Нуъмон ибни Собит,
номзади илмҳои фалсафа

Ноябрь 23, 2024 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Парчами давлатӣ рамзи қудрату тавонмандӣ ва сарҷамъии миллат аст
РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Масъулин бояд тухмиҳои хубтарину омехтаи ояндадорро мувофиқи нишондоду талаботи истеҳсолот парвариш кунанд
КОНФРОНСҲОИ ИҚЛИМИИ СММ. Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои ин конфронсҳо пешсаф аст
АЗ ПЕШВОИ КАҲРАМОН ВАТАНДӮСТӢ БИОМӮЗЕМ! Эҳдо ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ЭҲЁГАРИ ИНШООТИ БУЗУРГИ АСР. 16 ноябри соли 2018 агрегати аввалини Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода шуд
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Баргузории он асос барои таъмини амнияти миллӣ маҳсуб мешавад