20 декабр Анҷумани навбатии Ҳизби демократи Тоҷикистон баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 16.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ба таваҷҷуҳи вакилон аз кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии Ҳизби демократи Тоҷикистон расонида мешавад, ки 20 декабри соли 2024 соати 10:00 Анҷумани навбатии XIX Ҳизби демократи Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Ҳизби демократи Тоҷикистон хабар доданд.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар анҷуман вакилон аз кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии ҳизб иштирок менамоянд.
Эзоҳ: Анҷуман дар толори Қасри варзиш, шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Неъмат Қарабоев 17, гузаргоҳи 1 баргузор мегардад.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






