25 декабр Анҷумани навбатии Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон баргузор мегардад

Декабрь 19, 2024 16:13

ДУШАНБЕ, 19.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба таваҷҷуҳи аъзои кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон расонида мешавад, ки 25 декабри соли 2024 соати 11:00 анҷумани навбатии Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон хабар доданд.

Бояд таъкид намуд, ки дар анҷуман вакилон аз кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон иштирок менамоянд.

Эзоҳ: Анҷумани навбатии Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон дар толори Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзаде 30) баргузор мегардад.

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 19, 2024 16:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Истеъмоли шафтолу барои бемориҳои тарбод, гурда, ҷигар ва талхадон муфид мебошад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Варзоб пули нави мошингузар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт
Дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба 90 – солагии профессор Муқаддима Ашрафӣ конференсия баргузор шуд
Сокинони Ҷамоати деҳоти «Чорбоғ»-и ноҳияи Қубодиён дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм мегузоранд
Ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Корея дар соҳаи маъданҳои муҳим баррасӣ гардид
Ба поси хотири Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо барномаи фарҳангию адабӣ доир карда шуд
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Бо саҳми соҳибкори ватанӣ дар ноҳияи Қубодиён муассисаи томактабӣ бунёд гардид
Таҳти унвони «Меандешам пас ҳастам» намоиши осори Рассоми халқии Тоҷикистон Сӯҳроб Қурбонов оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 2 километр роҳи деҳаи Чузӣ дар Шаҳринав мумфарш карда шуд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи ташаккули низоми нави радио, телевизион ва интернет конфронси илмӣ -амалӣ баргузор шуд
ДАВРАИ НАВИ РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН. Андешаҳо оид ба сафари давлатии Президенти Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин
Дар Хатлон Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд