Ҷаласаи сеюми гурӯҳи кории Тоҷикистон ва Русия оид ба татбиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия доир гардид
ДУШАНБЕ, 30.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои об дар ҷаласаи сеюми гурӯҳи кории Тоҷикистон ва Русия оид ба татбиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, ки ба таври маҷозӣ баргузор гардид, баррасӣ шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист 27 феврали соли 2017 дар шаҳри Душанбе ба имзо расид.
Дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ масъалаҳои марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи рушди низоми минтақаҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва ҳифзи гуногунии биологӣ, тарбия ва маърифати экологӣ, табодули таҷриба дар масъалаи пешбурди китобҳои сурхи миллӣ, таҳкими ҳамкорӣ байни институтҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва масъалаҳои ҳифзи муҳити зист баррасӣ гардиданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати Русияро барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват намуд. Интизор меравад, ки ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ дар доираи конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор гардад.
Дар анҷом ҷонибҳо оид ба таҳкими ҳамкории дуҷониба дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва тақвияти ҳамкории судманд ибрози назар намуданд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






