Ҷаласаи якуми ҳайати нави Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон доир гардид

Декабрь 16, 2024 09:19

ДУШАНБЕ, 16.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе нахустин ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ҳайати нав баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсия. 

Аъзои Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон пешниҳоди Кумитаи баргузории мусобиқаҳоро дар бораи санаи оғози мавсими нави чемпионати Тоҷикистон қабул намуданд. Соли оянда мусобиқаи Лигаи олӣ 7 март оғоз меёбад.

Дар кори Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон қолаби нави маҳдудияти шумораи бозигарони хориҷӣ тасдиқ гардид. Соли 2025 ҳар дастаи Лигаи олӣ метавонад ҳадди аксар ҳафт бозигари хориҷиро бо дархости худ ворид кунад, аммо танҳо панҷ легионер дар як вақт имкон дорад дар майдон бошад.

Варзишгоҳи марказии Ҳисор макони баргузории бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2025 байни чемпиони мамлакат – дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон – «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода тасдиқ карда шуд. Вохӯрӣ 25 май дар Рӯзи ҷаҳонии футбол баргузор мешавад.

Аъзои нави Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамчунин тасдиқ карданд, ки соли 2025 ҳар марҳилаи Ҷоми Тоҷикистон аз як бозӣ иборат гашта, вохӯрии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2025 дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд баргузор мегирад.

Ҳайати нави Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хотири баланд бардоштани сифати доварӣ тасмим гирифт, ки музди маоши доварон, нозирон ва комиссаронро дар мавсими нав 30 дарсад боло баранд. Шуруъ аз соли 2025 довароне, ки дар бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистон кор мекунанд, барои холҳои пасти гирифтаашон ҷарима хоҳанд шуд.

Кумитаи иҷроия макони баргузории бозии нахустини тими миллии Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» ба муқобили тими миллии Тимори Шарқиро тасдиқ кард. Ин вохӯрӣ 25 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 16:00 оғоз меёбад.

Ҳамчунин Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯйхати беҳтарин бозигарон ва мураббиёни соли 2024-ро тасдиқ намуд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Декабрь 16, 2024 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид