Ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Тотористон тақвият меёбад

Декабрь 23, 2024 14:20

ДУШАНБЕ, 23.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи шарикии стратегӣ бо Русия масъалаҳои ҳамкорӣ бо минтақаҳои он, аз ҷумла Тотористон дар маркази таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Чунин иброз гардид зимни мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо иштироки Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир ва директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмад Аҳмадзода бо Роҳбари Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов, ки дар шаҳри Қазон баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҷонибҳо оид ба вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тотористон сухан гуфта, ба рушду тавсеаи робитаҳо дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, металлургия, истихроҷи маъдан, нафту газ, саноати кимиё, сабук ва хӯрокворӣ, дорусозӣ ва сохтмон афзалият доданд. Дар ин замина ба рушди босамари муносибатҳо бо Ҷумҳурии Тотористон, ки яке аз минтақаҳои пешрафтаи иқтисодии Федератсияи Русия мебошад, таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Инчунин таҳким ва густариши робитаҳои бевоситаи иқтисодии субъектҳои хоҷагидорӣ ва доираҳои соҳибкорӣ дар бахши воқеии иқтисодиёт вазифаи таъхирнопазир дониста шуд. Ҷонибҳо иқтидори бузурги тарафҳоро барои афзоиши гардиши мутақобил, инчунин татбиқи муштараки лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои афзалиятнок таъкид намуданд.

Зимни мулоқот ҳавасмандии ҷонибҳо ба густариши минбаъдаи робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, илм ва тандурустӣ таъкид гардид.

АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 23, 2024 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид