Ҳамкории Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар соҳаи энергетика ва захираҳои об баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 16.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл Микаллер ва роҳбари нави намояндагии Агентии рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (USAID) дар Тоҷикистон Ҷон Риордан мулоқот намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои об хабар медиҳад, дар вохӯрӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар соҳаи энергетика ва захираҳои об, ки тавассути Агентии рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико амалӣ мешаванд, баррасӣ гардид.
Иброз гардид, ки дар оянда низ муносибатҳои судманди Тоҷикистон ва Агентии рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар татбиқи лоиҳаҳои соҳаи энергетика ва захираҳои об тавсеа ва тақвият меёбанд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид






