Ба Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология таҷҳизоти сейсмикӣ ва озмоишӣ супорида шуд

Декабрь 24, 2024 10:54

ДУШАНБЕ, 24.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ «Тақвияти омодагӣ ба офатҳои табиӣ ва устуворӣ дар Тоҷикистон (PREPARED)» таҷҳизоти сейсмикӣ ва озмоишӣ супорида шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳо хабар доданд, таҷҳизоти сейсмикӣ ва озмоишӣ дар марҳилаи аввали татбиқи лоиҳа барои мустаҳкамкунии пойгоҳи моддию техникии институт, ташкил намудани мушоҳидаҳои ларзиши замин, биноҳо ва иншоот ҳангоми заминларзаҳои сахт ба нақша гирифта шудааст.

Насби таҷҳизот барои васл намудан дар бинои баландошёнаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 бинои баландошёнаи истиқоматӣ, 4 бинои иҷтимоӣ дар ҳар ноҳияи шаҳри Душанбе ва дар 4 иншооти нақлиётӣ (пул ва эстакадаҳо) ва дар баъзе пойгоҳҳои сейсмикии институт, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ ҷойгир шудаанд, пешбинӣ шудааст.

Ҳамзамон барои муайян кардани хусусияти динамикии ҳар гуна бино ва иншооти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ насби таҷҳизоти сейсмикии сайёр пешбинӣ шудааст.

Инчунин барои дар сатҳи баланд ва самаранок иҷро намудани корҳои мушоҳидавӣ ва санҷишӣ Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология аз тарафи лоиҳа бо ду мошини сабукрав ва боркаш таъмин гардид.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Декабрь 24, 2024 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад