Барномаи рушди соҳаи механиконии инноватсионии кишоварзӣ дар Тоҷикистон барои ноилшавӣ ба ҳадафи рушди устувори дарозмуҳлат равона гардидааст
ДУШАНБЕ, 09.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 29 ноябр бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди соҳаи механиконии инноватсионии кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» қабул гардид. Барнома дар асоси талаботи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таҳия гардида, инъикоскунандаи дурнамои умумии истифодаи техникаҳои кишоварзии муосир (инноватсионӣ) бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафи рушди устувори дарозмуҳлати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати кишоварзии мамлакат хабар доданд, ин Барнома бо назардошти муҳимияти соҳаи механиконии кишоварзӣ дар ҳалли мушкилоти соҳаи кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, дар ин замина афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи самараноки захираҳои замин, таъсиси ҷойи нави кор, таъмини рушди устувор ва таъсиси низоми ба тағийрёбии иқлим тобовар ва ташаккули рақобатпазирии соҳаи кишоварзӣ дар шароити муосир бо истифода аз техникаҳои муосири кишоварзӣ барои ташаккули равандҳои инноватсионӣ дар истеҳсолоти кишоварзӣ таҳия ва қабул гардидааст.
Соҳаи кишоварзӣ дар иқтисодиёти миллии мамлакат нақши бузург дошта, рушд додани ҳама соҳаҳои он дар маҷмуъ зарурати аввалиндараҷаи иқтисодиёти миллӣ мебошад. Дар замони ҳозира соҳаи кишоварзӣ бо роҳи интенсивӣ, яъне бо татбиқи дастовардҳои илмию технологӣ тараққӣ дорад. Яке аз самтҳои асосии дастовардҳои илму техника дар рушди соҳаи кишоварзӣ — ин механиконии кишоварзӣ мебошад. Механиконии соҳаи кишоварзӣ — ин иваз намудани кори (меҳнати) дастӣ бо техникаҳои кишоварзӣ барои таъмини самаранокӣ, рушд ва кам кардани арзиши аслии маҳсулоти кишоварзӣ, яъне дар истеҳсолот истифода намудани воситаҳои муосири техникӣ аст, ки тавонад дар як вақт якчанд амали технологиро якҷоя иҷро намуда, энергияро дар истеҳсолоти кишоварзӣ сарфа намояд.
Дар ин замина рушди соҳаи механиконии кишоварзӣ ё баланд бардоштани сатҳи таъмини хоҷагиҳо бо техникаҳои кишоварзӣ дар баланд бардоштани ҳосилхезии замин, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии онҳо, афзун намудани ҳосилнокии зироати кишоварзӣ ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ нақши муҳим ва ҳалкунанда мебозад.
Бояд гуфт, ки кишоварзӣ аз соҳаҳои асосӣ ва муҳими фаъолияти аҳолӣ буда, дар мавҷудияти ҳар давлату ҷомеа мавқеи калидӣ дорад. Он сарчашмаи неъматҳои моддию истеъмолӣ буда, талаботи аҳолиро бо ғизо ва соҳаҳои муҳими саноатро бо ашёи хом таъмин менамояд. Аз рўйи хосияти ташаккулёбии низоми боду ҳаво, зоҳиргардии мавсим, минтақаҳои амудӣ, мавҷудияти иқтидори нурафкании Офтоб ва ташаккули ландшафтҳои табиию агросенозҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 11 ноҳияи агроиқлимӣ ҷудо карда шудааст. Дар ин минтақаҳо вобаста ба омилҳои абиотӣ, биотӣ ва антропогенӣ муносибат ба соҳаҳои кишоварзӣ мухталиф мебошад. Аз ин рў дар ин барнома раванди механиконии кишоварзӣ дар ҳалли масоили кишоварзии ҳар минтақаи агроиқлимии Ҷумҳурии Тоҷикистон алоҳида баррасӣ гардида, муносибати махсуси татбиқнамоӣ талаб менамояд.
Рушди босуръати соҳаи кишоварзӣ ба истифодаи техникаҳо, технологияи муосир дар коркарди хок ва дуруст гузаронидани агротехникаи парвариши зироати кишоварзӣ вобастагии ногусастанӣ дорад.
АКС аз манбаъҳои боз








Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
Дар Душанбе натиҷаҳои миллии Шарҳи чоруми фаъолияти экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Давҳа тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо AIIB баррасӣ гардид
Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд
Дар Давҳа ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ доир гардид
Дар доираи «TAJ-TECH 2026» санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд
Дар шаҳри Душанбе ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид






