«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД» ВА «БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Дар Душанбе озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст мегарданд
ДУШАНБЕ, 16.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 17 декабр, соати 10:00 дар шаҳри Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» ва «Беҳтарин ҳамсар» ҷамъбаст мегарданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ин озмунҳо дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2028» аз моҳи ноябр то нимаи аввали моҳи декабр дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат баргузор шуданд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» тадбири муҳим буда, аҳли ҷомеаро ба масъалаҳои баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, касбу ҳунаромӯзӣ ва тарбияи дурусти фарзандон ҳидоят менамояд.
Оилаҳои ҳунарманд дар озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» аз рўйи намудҳои тасдиқшудаи феҳристи ҳунарҳои бадеии халқӣ иштирок намуданд.
Ҳадафи озмуни «Беҳтарин ҳамсар», пеш аз ҳама, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, меҳру муҳаббат нисбат ба ҳамсар, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстию худшиносӣ ва зебоипарастию меҳнатдӯстӣ мебошад.
Дар доираи талаботи озмуни «Беҳтарин ҳамсар» ба мардҳо афзалият дода шуд. Яъне, марди оила бояд ҳамаҷиҳата рушдёфта бошад, дар самти маърифатнокии аҳли оила, ба илмомӯзию касбомӯзӣ машғул шудани онҳо, меҳанпарастию меҳнатдӯстии фарзандон, таъмини шароити мусоид барои кору таҳсил, ҷалби фарзандон ба варзиш, корҳои ҷамъиятӣ ва дигар самтҳои рушди оила саҳм гузорад.
Ғолибон аз ҷониби кумитаи тадорукот бо Диплому туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






