ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Варзишгари ҷавони тоҷик Меҳрон Шафиев бар муштзани қирғиз ғолиб омад

Декабрь 4, 2024 13:53

ДУШАНБЕ, 04.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Чемпионати Осиё оид ба бокс дар шаҳри Чиангмайи Тайиланд 9 муштзани тоҷик иштирок доранд. Дар рӯзи чоруми мусобиқа варзишгари Тоҷикистон Меҳрон Шафиев дар вазни то 48 кг рақобат намуд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Меҳрон Шафиев дар даври аввали мусобиқот бо намояндаи Қирғизистон Анваржан Ходжиев рақобат кард. Бо қарори якдилонаи доварон дар ин рақобат пирӯзӣ бо ҳисоби калони 5 бар 0 насиби Меҳрон Шафиев гардид.

Меҳрон Шафиев дар даври дуюм рақобатро идома медиҳад.

Дар се рӯзи гузашта муштзанони тоҷик Шаҳобҷон Шукуров дар вазни 71 кг ва Миҷгона Самадова дар вазни то 57 кг ғалаба карда, ба даври дуюм роҳ ёфтанд. Абдумалик Болтаев дар вазни 80 кг дар даври аввал ноком гардид.

Ёдовар мешавем, ки Чемпионати Осиё оид ба бокс дар шаҳри Чиангмайи Тайиланд аз 28 ноябр то 12 декабр байни беҳтарин муштзанони қораи Осиё баргузор мегардад. Дар ин мусобиқаи сатҳи баланд беш аз 200 муштзан (132 мард ва 82 зан) аз 21 давлати Осиё иштирок доранд.

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 4, 2024 13:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад