Дар Бадахшон маросими ҷоизасупории соҳаи сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва занбӯриасалпарварӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 10.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зимни маросими ҷоизасупории соҳаи сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва занбӯриасалпарварӣ 3 нафар дар номинатсияи беҳтарин ҳунарманд, занбӯриасалпарвар ва ширкати сайёҳӣ бо Шоҳҷоиза ва маблағи 5000 сомонӣ қадрдонӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин вилоят хабар доданд.
Ҳамчунин ҳунармандон дар номинатсияҳои бофандагӣ, мӯҳрабофӣ, гулдӯзӣ, намадбофӣ, либоси миллӣ, армуғонсозӣ, сабадбофӣ, асбоби мусиқӣ, рассомӣ, оҳангарӣ, занбӯриасалпарварӣ, беҳтарин ширкатҳои сайёҳӣ, беҳтарин меҳмонхона ва беҳтарин роҳбалад бо Дипломҳои дараҷаи 1, 2, 3 ва туҳфаҳои хотиравӣ ҳавасманд гардонида шуданд.
Иброз гардид, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, дастгирии занони ҳунарманду соҳибкор, таъсиси ҷойи нави кор ва бо шуғл фаро гирифтани занони хонанишин аз соли 2006 бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон грантҳои президентӣ таъсис дода шудаанд.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 566 ҳунарманд аз рӯи усули омӯзиши амалии «Устод-шогирд», аъзои хонавода ва кормандони корхонаҳои истеҳсолӣ ба ҳунармандӣ машғул мебошанд.
Ҳамчунин барои эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ Ассотсиатсияи ҳунармандони вилоят таъсис шудааст. Вазифаи асосии он дастгирӣ ва ба бозори дохилӣ-байналмилалӣ пешниҳод намудани маҳсулоти ҳунармандон мебошад. Дар айни замон беш аз 130 ҳунарманди вилоят аъзои ин ассотсиатсия мебошанд.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ собит намуд, ки рушди бемайлони туризм на танҳо даромади муфид барои ширкатҳои сайёҳӣ мебошад, балки он ба таъсиси ҷойи нави кор ва коҳиши бекорӣ дар байни аҳолии қобили меҳнат низ мусоидат мекунад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар вилоят 63 меҳмонхона, 120 ҳомстей, 41 ширкати сайёҳӣ, 647 ёдгории таърихию фарҳангӣ ва 79 мавзеи табиию сайёҳӣ мавҷуд мебошад.
Вобаста ба масъалаи занбӯриасалпарварӣ дар вилоят гуфта шуд, ки он яке аз бахшҳои муҳиму манфиатбахш дар соҳаи аграрӣ мебошад. Дар шароити иқлими мусоиди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои рушди ҳамаҷонибаи ин соҳа тамоми имконият фароҳам аст.
«Соли 2023 дар вилоят 7788 ва соли 2024 8826 қуттӣ занбӯри асал парвариш карда шуд. Соли 2023 56,3 тонна ва имсол 63,4 тонна асал истеҳсол гардид. Ин нишондиҳандаи он аст, ки зарфияти мавҷуда дар вилоят хеле зиёд мебошад ва зарур аст, ки онҳоро ҳамаҷониба истифода намоем»,-таъкид шуд дар маросими ҷоизасупории соҳаҳои сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва занбӯриасалпарварӣ.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд






