Дар Бадахшон маросими ҷоизасупории соҳаи сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва занбӯриасалпарварӣ баргузор шуд

Декабрь 10, 2024 17:30

ДУШАНБЕ, 10.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зимни маросими ҷоизасупории соҳаи сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва занбӯриасалпарварӣ 3 нафар дар номинатсияи беҳтарин ҳунарманд, занбӯриасалпарвар ва ширкати сайёҳӣ бо Шоҳҷоиза ва маблағи 5000 сомонӣ қадрдонӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин вилоят хабар доданд.

Ҳамчунин ҳунармандон дар номинатсияҳои бофандагӣ, мӯҳрабофӣ, гулдӯзӣ, намадбофӣ, либоси миллӣ, армуғонсозӣ, сабадбофӣ, асбоби мусиқӣ, рассомӣ, оҳангарӣ, занбӯриасалпарварӣ, беҳтарин ширкатҳои сайёҳӣ, беҳтарин меҳмонхона ва беҳтарин роҳбалад бо Дипломҳои дараҷаи 1, 2, 3 ва туҳфаҳои хотиравӣ ҳавасманд гардонида шуданд.

Иброз гардид, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, дастгирии занони ҳунарманду соҳибкор, таъсиси  ҷойи нави кор ва бо шуғл фаро гирифтани занони хонанишин аз соли 2006 бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон грантҳои  президентӣ таъсис дода шудаанд.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 566 ҳунарманд аз рӯи усули омӯзиши амалии «Устод-шогирд», аъзои хонавода ва кормандони корхонаҳои истеҳсолӣ ба ҳунармандӣ машғул мебошанд.

Ҳамчунин барои эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ Ассотсиатсияи ҳунармандони вилоят таъсис шудааст. Вазифаи асосии он дастгирӣ ва ба бозори дохилӣ-байналмилалӣ пешниҳод намудани маҳсулоти ҳунармандон мебошад. Дар айни замон  беш аз 130 ҳунарманди вилоят аъзои ин ассотсиатсия мебошанд.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ собит намуд, ки рушди бемайлони туризм на танҳо даромади муфид барои ширкатҳои сайёҳӣ мебошад, балки он ба таъсиси ҷойи нави кор ва коҳиши бекорӣ дар байни аҳолии қобили меҳнат низ мусоидат мекунад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар вилоят 63 меҳмонхона, 120 ҳомстей, 41 ширкати сайёҳӣ, 647 ёдгории таърихию фарҳангӣ ва 79 мавзеи табиию сайёҳӣ мавҷуд мебошад.

Вобаста ба масъалаи занбӯриасалпарварӣ дар вилоят гуфта шуд, ки он яке аз бахшҳои муҳиму манфиатбахш дар соҳаи аграрӣ мебошад. Дар шароити иқлими мусоиди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои рушди ҳамаҷонибаи ин соҳа тамоми имконият фароҳам аст.

«Соли 2023 дар вилоят 7788 ва соли 2024   8826 қуттӣ занбӯри асал парвариш карда шуд. Соли 2023   56,3 тонна ва имсол 63,4 тонна асал истеҳсол гардид. Ин нишондиҳандаи он аст, ки зарфияти мавҷуда дар вилоят хеле зиёд мебошад ва зарур аст, ки онҳоро ҳамаҷониба истифода намоем»,-таъкид шуд дар маросими ҷоизасупории соҳаҳои сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва занбӯриасалпарварӣ.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Декабрь 10, 2024 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои довталабон ва шахсони масъули рушди захираҳои инсонӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон оид ба барномаи JISPA ҳамоиш доир шуд
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Форуми ҳайати фармондеҳони Маркази омӯзишҳои таҳқиқотии Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ иштирок намуд
Маҳсулоти пешрафтаи рақамӣ (digital)-ро кӣ ва чӣ гуна таҳия менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мегардад
«Қиссаҳои Шераки Ориён» аз чоп баромад
5 август дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мешавад
Дар Вена масоили густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Австрия оид ба рушд баррасӣ шуд