Дар Бадахшон озмуни вилоятии «Канӣ духтарон» ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 29.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озмуни вилоятии «Канӣ духтарон» ҷамъбаст гардид. Озмун бо мақсади ҷалб намудани ҷавондухтарон ба тарғибу ташвиқи арзишҳои неки ниёгон, баланд бардоштани завқи зебоипарастии онҳо, муаррифии фарҳангу ҳунари волои халқи тоҷик ва дарёфт намудани истеъдодҳои нав аз ҳисоби ҷавондухтарон гузаронида шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар озмун ҷавондухтарони шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои вилоят, раёсатҳои маориф, тандурустӣ, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ва Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ иштирок намуда, маҳорати худро нишон доданд.
Озмун аз тарафи ҳайати ҳакамон баҳогузорӣ гардид. Шоҳҷоизаи озмун ба Умайра Шамшерова аз шаҳри Хоруғ дода шуд.
Ҷойи 1- умро Садбарг Боқиева аз ноҳияи Рӯшон, ҷойи 2-юмро Манижа Муминова аз ноҳияи Ванҷ ва Сатрина Зариншоева аз Раёсати тандурустии вилоят ва ҷойи 3-юмро Памира Ақризобекова аз ноҳияи Мурғоб ва Маърифат Иззатшоева аз Донишгоҳи давлатии Хоруғ соҳиб гардиданд.
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






