Дар Бохтар маросими қадрдонии ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 10.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бохтар маросими қадрдонии ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Дар ҳамоиш Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иброз дошт, ки «6 сол боз дар Тоҷикистон бо ташаббуси Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» гузаронида мешаванд. Баргузории ин озмунҳои сатҳи баланд, ки ба рушди маънавии ҷомеа, дарку фаҳмиши ҷавонону наврасон ва ривоҷи фарҳангу санъати асили тоҷик мусоидат менамояд, дар самти омода намудани кадрҳои соҳибтахассус дар соҳаи илму фарҳанг заминаи созгор фароҳам меорад. Боиси қаноатмандӣ аст, ки сатҳи баргузории даврҳои гуногуни озмун сол то сол беҳтар гардида, чеҳраҳои нави суханвару сухандон, донишманду соҳибзавқ дарёфт ва муаррифӣ мегарданд».
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҳамасола ба ҳавасмандгардонии ғолибони даврҳои вилоятии ин озмунҳо таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Соли равон барои дастгирӣ ва қадршиносии ғолибону устодони онҳо дар маҷмуъ 1 миллиону 572 ҳазору 875 сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 375 ҳазору 375 сомонӣ зиёд мебошад.
Таҷрибаи озмун нишон дод, ки он воқеан сабқате мебошад, ки барои таҳкими худшиносии миллӣ ва огоҳӣ пайдо кардан аз осори адибони классику муосири тоҷику форс байни тамоми қишрҳои ҷомеа, махсусан ҷавонон мусоидат мекунад.
Соли равон довталабони вилояти Хатлон дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба дастовардҳои назаррас мушарраф шуда, 35 нафар ғолиб гардид. Онҳо тавонистанд имсол ба нишондиҳандаи баландтарин ноил гардида, соҳиби 2 Шоҳҷоиза, 3 ҷойи якум, 11 ҷойи дуюм ва 19 ҷойи сеюм шаванд.
Дар сатҳи ниҳоии озмун вилояти Хатлон бо дастовардҳои намоён байни дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ мақоми дуюмро ишғол намуда, аз шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб 9 нафар, Данғара 8, Восеъ 7, Бохтар 6, Норак, Ёвон, Вахш, Панҷ ва Фархор 1-нафарӣ ғолиби даври ҷумҳуриявӣ дониста шуданд.
«Бо гузашти шаш соли баргузории ин сабқати зеҳнӣ мо тавонистем завқи китобхонии наврасонро тақвият бахшида, майлу рағбати онҳоро ба омӯхтани илм ва андӯхтани дониш зиёд намоем. Дар ин кори пурмасъул саҳми омӯзгорон, падару модарон ва кӯшиши ҳамешагии худи довталабон хеле калон аст»,-гуфт Давлаталӣ Саид.
Иброз гардид, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» соли 2021 байни шавқмандони фанҳои дақиқ эълон гардида, соли 2023 аз вилояти Хатлон 21 нафар ғолиб гардид. Сол то сол зиёд шудани шумораи довталабон ва болоравии нишондодҳо ба назар мерасад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди фарҳангу ҳунар тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Тавассути баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» наврасону ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд тарбия мешаванд, ки василаи муҳими муаррифии ҳунари асили тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошанд. Давоми шаш соли баргузории даврҳои гуногуни озмун дар шаҳру ноҳияҳои вилоят садҳо нафар дӯстдорони санъату ҳунар ба камол расида, ба саҳнаҳои калони ҳунарӣ роҳ ёфтанд.
Соли равон теъдоди иштирокчиёни озмун дар вилоят ба 1388 нафар расида, нишондодҳо низ аз 7 ҷойи ифтихорӣ дар соли 2019 ба 16 ҷой дар соли равон баробар гардид.
Чараёни баргузории озмунҳо нишон дод, ки шавқу ҳаваси на фақат хонандагону донишҷӯён, омӯзгорону кормандони фарҳангу санъат, балки намояндагони ҳама зинаҳои таҳсил- донишҷӯёну магистрҳо, омӯзгорон, шоирону нависандагон, кишоварзон, нафақагирон ва намояндагони касбу кори гуногун ба мутолиаи асарҳои манзуму мансур ва эҷоди назму наср афзун гаштааст. Ҳамзамон ин озмунҳо дар муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ тавассути илму ҳунар василаи беҳтарин дониста мешаванд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста таъкид менамоянд, ки «ҷавонони имрӯза бояд ҳамқадами замон бошанд, ба мутолиаи китоб машғул шаванд, чунки ояндаи миллат дар дасти ҷавонон аст».
Вобаста ба ин Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид пешниҳод намуд, ки бо мақсади тақвият додани сатҳи донишу маърифати сокинон, аз ҷумла ҷавонону наврасон дар вилояти Хатлон соли 2025 – Соли фарҳанги китобхонӣ эълон карда шавад. Ин пешниҳодро иштирокчиёни ҳамоиш гарм истиқбол ва ҷонибдорӣ намуданд.
Ба ҳама ҷоизадорон Сипоснома ва мукофоти пулӣ тақдим карда шуд.
АКС: Мақомоти иҷроии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон