Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи баргузории мусобиқаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 11.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Кумитаи баргузории мусобиқаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ҷаласа нақшаҳои мусобиқоти Лигаи футболи Тоҷикистон барои соли оянда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Оғози мавсими навбатии мусобиқоти чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ оид ба футбол 7 марти соли 2025 ба нақша гирифта шудааст. Соли 2025 чемпионати Тоҷикистон дар ду давр бо иштироки 12 даста баргузор мешавад. Умуман давоми мавсим ҳар даста дар чемпионат 22 вохӯрӣ мегузаронад.
Дастае, ки соли 2025 мақоми охиринро ишғол мекунад, ба Лигаи якум меафтад ва дастае, ки дар чемпионат ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи Лигаи якуми Тоҷикистон-2025 бозиҳои гузаришӣ мегузаронад.
Тибқи натиҷаи соли 2024, бошгоҳи «Куктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ Лигаи олии чемпионатро тарк мекунад. «Ҳулбук»-и Восеъ, ки ғолиби Лигаи якум гардид, соли 2025 ҳуқуқи иштирок дар чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олиро пайдо намуд.
Кумитаи баргузории мусобиқаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон санаи рақобат барои Суперҷоми мамлакатро дар соли 2025 пешниҳод кард. 25 май- дар Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон дар соли 2025 байни чемпиони мамлакат – «Истиқлол»-и Душанбе ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2024 – «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар назар аст.
Аъзои кумита тасдиқ карданд, ки дар соли 2025 ҳар марҳилаи Ҷоми Тоҷикистон аз як бозӣ иборат хоҳад буд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд ҳамчун макони баргузории вохӯрии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2025 пешниҳод гардид.
Илова бар ин, дар ҷаласа беҳтаринҳои мавсими 2024 муайян карда шуданд. Рӯйхати беҳтарин бозигарон ва мураббиёни мавсими сипаришуда ба Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон барои тасдиқ пешкаш шуд.
Ҳама тасмимҳои Кумитаи баргузории мусобиқаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон бояд дар ҷаласаи навбатии Кумитаи иҷроияи федератсия, ки 14 декабр баргузор мешавад, тасдиқ шаванд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар шаш моҳи соли 2026 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 1000 медал ба даст оварданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Данғара мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гардид
Соли 2027 дар Душанбе Чемпионати Осиё оид ба акробатикаи варзишӣ баргузор мешавад
Дар Мусобиқаи байналмилалии «Lausanne Grand Slam-2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон 14 нафар иштирок менамояд
Душанбе мизбони ҷаласаҳои Федератсияи ҷаҳонии гимнастика гардид
Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон дар доираи Ёддошти тафоҳум густариш меёбад
Дастаи духтаронаи Тоҷикистон (U-17) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва АМА ҳамгурӯҳ гардид
Доварони футболи Тоҷикистон омодагиро ба қисми дуюми мавсим оғоз намуданд
Тоҷикистон дар қароргоҳи СММ чорабинии сатҳи баланд оид ба нақши футбол дар солимии равонии ҷавонон доир намуд
Дар Тоҷикистон дар шаш моҳ 87 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-20) дар Чемпионати CAFA-2026 иштирок менамояд
Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Ню-Йорк фестивал баргузор менамояд






