Дар Душанбе бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим дав баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 03.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷогӣ бо шарикони рушд бо мақсади таъмини оммавияти варзиш, пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна хатарҳои муосир ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим мусобиқаи дав барои саломатиро баргузор намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.
Иброз шуд, ки варзиш дар ҳаёти инсон ҳамеша аҳаммияти аввалиндараҷа дошта, машғулияти варзишӣ ва обутоби бадан ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти солим ба ҳисоб меравад.
Мақсад аз ташкили марафон аз тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш дар байни табақаҳои васеи ҷомеа, ки омили муҳими солимгардонӣ ба ҳисоб меравад, иборат буд. Он васила барои пешгирӣ ва коҳиш додани бемориҳои сироятӣ дар байни ҷавонон низ мебошад.
Ҳадафи асосии дави миллӣ ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва мустаҳкам намудани робитаи дӯстию бародарӣ, таҳкими пояҳои ваҳдату истиқлолият ва якпорчагию якмаромии миллат мебошад.
Гуфта шуд, ки давидан аз ҷиҳати тиббӣ барои саломатӣ ва дуруст инкишоф ёфтани инсон нақши бузург дорад. Шахсоне, ки мунтазам ба ин намуди варзиш машғул мешаванд, чусту чолок ва ҷасуру моҳир мегарданд.
Марафон дар масофаҳои гуногун байни мардон ва занон дар мавзеи Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангии фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ»-и пойтахт доир гардида, баъд аз тай намудани масофаҳои муқарраргардида ғолибону ҷоизадорон аз ҷониби ташкилкунандагон бо медал ва туҳфаҳои пулию молӣ қадрдонӣ гардиданд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






