Дар Душанбе маросими ҷоизасупории Лигаи футболи Тоҷикистон-2024 баргузор мегардад

Декабрь 25, 2024 18:00

ДУШАНБЕ, 25.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 26 декабр дар Кохи «Суруш»-и шаҳри Душанбе маросими супоридани ҷоизаҳои Лигаи футболи Тоҷикистон ба беҳтаринҳои мавсими соли 2024 доир мегардад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»  бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҷоизаҳо ба беҳтаринҳои мавсими гузашта аз рӯи 13 номинатсия супорида мешаванд. Федератсияи футболи Тоҷикистон дар сомонаи худ рӯйхати номзадҳоро аз рӯи ҳар номинатсия нашр кардааст. Аз ҷумла, барои ҷоизаи «Беҳтарин бозингари соли 2024» Евгений Гритсенко, дарвозабони дастаи футболи  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб, Манучеҳр Ҷалилов, ҳамлагари дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва Бахтиёр Қаландаров, бозингари дастаи футболи  «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода довталаб мебошанд.

Барои ҷоизаи «Беҳтарин мураббии Чемпионати  Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ» Рустам Хоҷаев, сармураббии дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, Шамсиддин Қосимов, сармураббии Клуби марказии варзишии артиши шаҳри Душанбе ва Зайниддин Раҳимов, сармураббии  дастаи  «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри  Турсунзода довталаб ҳастанд.

Танҳо дар як номинатсия – «Беҳтарин нишонзани Чемпионати Тоҷикистон  байни  дастаҳои Лигаи олӣ» ғолиб маълум аст. Ин ҷоиза ба ҳамлагари дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Манучеҳр Ҷалилов, ки дар мусобиқоти имсола 17 гол задааст, супорида мешавад. Вай давоми фаъолият бори панҷум  беҳтарин нишонзани чемпионати  Тоҷикистон гардид.

Рӯйхати довталабон барои дарёфти ҷоизаҳои инфиродии Лигаи футболи Тоҷикистон аз рӯи ҷамъбасти соли 2024:

Беҳтарин бозингари Чемпионати  Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум:

Ҷаҳонгир Алиев («Парвоз»)

Шоҳин Боев («Моҳир»)

Хайриддин Турахонов («Ҳулбук»)

Беҳтарин мураббии Чемпионати  Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум:

Ҷурахон Мирзоев («Ҳулбук»)

Алишер Полвонов («Парвоз»)

Сиёвуш Боев («Моҳир»)

Беҳтарин бозингари Чемпионатии  Тоҷикистон байни дастаҳои ҷавонони Лигаи олӣ:

Муҳаммад Назриев («Истиқлол»)

Акмал Раҳимов («Регар-ТадАЗ»)

Беҳтарин мураббии Чемпионати  Тоҷикистон байни дастаҳои ҷавонони Лигаи олӣ:

Рустам Қурбонов («Истиқлол»)

Ҷамшед Баротов (КМВА)

Зафарҷон Ҳотамов («Эсхата»)

Беҳтарин довар:

Амирҷон Хоркашев (Душанбе)

Гулмуроди Саъдулло (Душанбе)

Насрулло Кабиров (Норак)

Беҳтарин дарвозаб:

Сафармад Ғаффоров («Хуҷанд»)

Шоҳрухҷон Эшбутаев (КМВА)

Евгений Гритсенко («Равшан»)

Беҳтарин ҳимоятгар:

Комрони Мирзохон (КМВА)

Бахтиёр Қаландаров («Регар-ТадАЗ»)

Холмурод Назаров («Равшан»)

Беҳтарин нимҳимоятгар:

Алишер Ҷалилов («Истиқлол»)

Муҳаммадҷон Раҳимов («Равшан»)

Нозим Бобоҷонов («Хуҷанд»)

Беҳтарин ҳамлагар:

Деян Тумбас («Хуҷанд»)

Квадво Фримпонг («Регар-ТадАЗ»)

Ҷаҳонгир Эргашев («Эсхата»)

Беҳтарин легионер, ки дар  Чемпионати  Тоҷикистон бозӣ мекунад:

Квадво Фримпонг («Регар-ТадАЗ»)

Деян Тумбас («Хуҷанд»)

Сергей Яворский («Вахш»)

Беҳтарин мураббӣ:

Рустам Хоҷаев («Хуҷанд»)

Шамсиддин Қосимов (КМВА)

Зайниддин Раҳимов («Регар-ТадАЗ»)

Беҳтарин бозингари сол:

Евгений Гритсенко («Равшан»)

Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»)

Бахтиёр Қаландаров («Регар-ТадАЗ»)

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Декабрь 25, 2024 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид