Дар Душанбе масъалаҳои танзими ҳуқуқии тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмию техникӣ ва паркҳои технологӣ баррасӣ шуданд

Декабрь 24, 2024 14:37

ДУШАНБЕ, 24.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ва 15-солагии таъсиси Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Масъалаҳои мубрами танзими ҳуқуқии тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмию техникӣ ва паркҳои технологӣ: ҳолат, мушкилот ва дурнамо» конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Тавре директори Маркази миллии қонунгузорӣ Иззатулло Саидзода иттилоъ дод, «дар фазои муосири иқтисодӣ «тиҷоратикунонӣ» ҳамчун раванде муайян карда мешавад, ки бо истифодаи амалии натиҷаҳои таҳқиқот ва коркардҳои илмӣ бо мақсади ҷорӣ намудани молҳо, хизматрасониҳо ё равандҳои нав ё мукаммал ба бозор барои ба даст овардани самараи тиҷоратӣ алоқаманд аст».

Мавсуф фаъолияти инноватсиониро дар иқтисодиёти муосир омили асосии рақобатпазирии дарозмуддат унвон карда, баён дошт, ки «ин на танҳо ба тиҷорат, балки дар асл ба ҳама ташкилоте, ки иштирокчии муносибатҳои бозорӣ мебошанд, тааллуқ дорад. Дар бисёр кишварҳо инноватсия ҳамчун абзори муҳими сиёсати иқтисодӣ, саноатӣ ва маориф эътироф карда мешавад. Ин ба давлатҳо имкон медиҳад, то дар раддабандии ҷаҳонӣ аз рӯйи қудрати иқтисодӣ, сифати таҳсил ва сифати зиндагӣ мавқеи аввалро ишғол намоянд».

Иттилоъ дода шуд, ки татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ» метавонад вазъи маблағгузории соҳаи илмро бамаротиб беҳтар гардонида, ба ҳарчӣ бештар шудани дастовардҳои илм дар истеҳсолот мусоидат намояд.

Ҳамзамон ин қонун муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ танзим намуда, ба истифодаи самараноки натиҷаҳои фаъолият дар раванди истеҳсолот равона шудааст.

Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки паркҳои технологӣ на танҳо ба рушди илм ва технология мусоидат мекунанд, балки ба пайванди муҳим дар занҷираи рушди иқтисодӣ табдил ёфта, ҳамгироии дониш ва захираҳоро барои ноил шудан ба ҳадафҳои умумӣ таъмин менамоянд.

Бояд ёдовар шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат 30 майи соли равон таъкид доштанд, ки «тибқи маълумот, ҳоло дар назди муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ҳамагӣ 24 Парки технологӣ амал мекунад. Илова ба хеле кам будани чунин паркҳо фаъолияти онҳо ба талабот ҷавобгӯ набуда, аксарашон ба ном вуҷуд доранд». Аз ин рӯ, Сарвари давлат бо назардошти ин вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро вазифадор намуданд, ки барои ба талаботи замон мувофиқ намудани фаъолияти паркҳои технологӣ тадбирҳои дахлдор андешанд.

Дар конфронс иброз гардид, ки фароҳам овардани фазои муосид барои корхонаҳои хурду миёна тавассути таъсиси Парки технологӣ ва тадбирҳои ҳамаҷонибаи дастгирӣ на танҳо ба рушди онҳо, балки дар маҷмуъ ба таҳкими иқтисодиёт мусоидат мекунанд. Ин дар ниҳоят сабаби баланд шудани сифати зиндагии аҳолӣ ва беҳтар гардидани вазъи иҷтимоию иқтисодии мамлакат мегардад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 24, 2024 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Дар вилояти Суғд 109 корхонаи нави саноатӣ таъсис гардид
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Фаъолияти босамари корхонаи муштараки «Зарафшон»-и Панҷакент ба рушди саноат нигаронида шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди маҷмааи нассоҷӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 17 иншоотро дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб корхонаи истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобилӣ ҶДММ «Тоҷик-Алмос»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Мабно»-ро ба истифода доданд