Дар Куала-Лумпур густариши муносибатҳои судманд байни бонкҳои марказии Тоҷикистон ва Малайзия баррасӣ шуд

Декабрь 16, 2024 15:41

ДУШАНБЕ, 16.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 13 декабр дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия вохӯрии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо роҳбарияти Маркази автоматикунонидаи коркарди пули нақд дар Бонки марказии Малайзия баргузор гардид. Зимни он ҷонибҳо вобаста ба муҳиммияти табодули таҷриба ва густариши муносибатҳои мутақобили судманд байни бонкҳои марказии ҳарду давлат ибрози андеша намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқот аз ҷониби Бонки марказии Малайзия оид ба таърих ва имконияти Маркази автоматикунонидаи коркарди пули нақд  маълумот дар шакли рӯнамо пешниҳод гардид. Баъдан ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон бо раванди кори марказ дар минтақаҳои алоҳида аз наздик шинос карда шуд.

Маркази автоматикунонидаи коркарди пули нақд дар Бонки марказии Малайзия соли 2016 бо иштироки мутахассисони дохилию хориҷӣ сохта шуда, имконияти босуръат ва босифат коркард кардани ҳаҷми зиёди пули нақдро дорад. Иқтидори солонаи марказ тақрибан 3 миллиард банкнота аст. Банкнотаҳои фарсуда, ифлосшуда ва ғайри қобили пардохт тавассути таҷҳизоти муосир муайян ва хориҷ карда шуда, танҳо пулҳои баландсифати коғазӣ баъд аз коркард ба муомилот бармегарданд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Декабрь 16, 2024 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.0500 то 10.3287 сомонӣ муқаррар шудааст
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад