Дар Майотта бар асари тӯфони Чидо беш аз 20 нафар ҳалок гардид
ДУШАНБЕ, 17.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 20 нафар бар асари тӯфони тропикии Чидо дар ҷазираи Майотта (ҳудуди берун аз марзи Фаронса) ҳалок шуданд, аммо мақомот ҳанӯз омода нестанд, ки дар бораи шумораи фавтидагон маълумоти дақиқ манзур намоянд. Дар ин хусус шабакаи BFMTV иттилоъ додааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.
Ба иттилои шабакаи телевизионӣ, аз шумораи нафарони дар натиҷаи офати шадид дар беморхона бистаришуда 21 нафар ҳалок гардида, 45 нафар дар ҳолати вазнин қарор доранд.
Фурудгоҳи Майотта ҳоло бо сабаби зарар дидани манораи идоракунӣ ва низоми огоҳкунӣ хатсайрҳоро танҳо давоми рӯз амалӣ менамояд. Интизор меравад, ки пас аз чанд рӯз қабули парвозҳои шабона низ имконпазир гардад. Дар хусуси бандари асосии баҳрии Лонгони бояд гуфт, ки бо вуҷуди дидани зарар он метавонад киштиҳои калонро қабул намояд. Ояндаи наздик фиристодани 1,5 ҳазор мутахассисони ғайринизомӣ ва низомӣ барои рафъи оқибатҳои тӯфон дар назар аст.
Шабака маълумоти мақомоти маҳаллиро манзур намудааст, ки тибқи он дар назар аст ҳафтаи оянда нисфи аҳолии ҷазира ба неруи барқ дастрасӣ пайдо кунад. Дар айни замон ба ҳисоби миёна 80% инфрасохтори асосии мобилӣ ва алоқаи интернетӣ дар ҷазира фаъолият намекунад.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






