Дар Намоишгоҳи байналмилалии «WORLDDEF-Dubai 2024» Павилиони миллии Тоҷикистон ташкил шудааст
ДУШАНБЕ, 04.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб Намоишгоҳи байналмилалии «WORLDEF-Dubai 2024» оғоз гардид. Дар намоишгоҳ ҳайати Тоҷикистон, роҳбарони ширкатҳо ва соҳибкорони ватанӣ иштирок дошта, Павилиони миллии Тоҷикистон ташкил шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар павилион беш аз 300 намуд маҳсулоти саноатию кишоварзии ватанӣ пешниҳод мегардад.
Намоишгоҳи байналмилалии «WORLDEF-Dubai 2024» майдони сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, ҳамасола дар он беш аз 5000 ширкати байналмилалӣ аз давлатҳои гуногун иштирок менамояд.
Намоишгоҳи байналмилалии «WORLDDEF-Dubai 2024» ду рӯз идома меёбад.
Зимни ҳамоиши байналмилалии тиҷорати электронӣ «WORLDDEF-Dubai 2024» директори Агентии содирот Баҳриддин Сироҷиддинзода иброз дошт, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2013 аъзои комилҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии савдо мебошад. Тоҷикистон ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, бо инобати он ки давоми даҳсолаи охир тиҷорати электронии ҷаҳонӣ ба ҳисоби миёна дар як сол 20 дарсад афзоиш ёфта, тибқи арзёбиҳо ҳаҷми тиҷорати электронӣ соли 2024 ба 6 триллион доллар баробар мегардад, омода аст дар ин самт робитаҳои шарикии нав ба роҳ монад”.


“Тоҷикистон ҳамқадами замон бо тамоюлҳои ҷаҳонӣ буда, зарурати муҳимияти табдили савдои байналмилалиро дарк менамояд. Он дар бахши миллии технологияҳои иттилоотӣ ислоҳотро фаъолона ҷорӣ намуда, ба рушди тиҷорати электронӣ, бахусус содироти электронӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд»,-афзуд директори Агентӣ .
Дар ин замина дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тиҷорати электронӣ» қабул гардида, «Барномаи тиҷорати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2029» амалӣ мешавад.
Тоҷикистон то имрӯз бо зиёда аз 100 давлати мухталифи ҷаҳон робитаи савдои хориҷӣ дошта, дар баробари ин 500 намуд маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзии ватаниро ба зиёда аз 50 давлати ҷаҳон содирот менамояд.
«Барои истифодаи самараноки иқтидори истеҳсолию содиротӣ тавассути ҷалби сармояи хориҷию дохилӣ Ҳукумати Тоҷикистон барои сармоягузорон кафолату имтиёзҳои зиёд пешниҳод намуда, бобати фаъолияти онҳо дар мамлакат шароити мусоид фароҳам меорад. Дар қонунгузории ҷумҳурӣ барои сармоягузорон зиёда аз 240 намуд кафолатҳо, ҳавасмандгардонӣ ва имтиёзҳо, аз ҷумла зиёда аз 110 имтиёзи андозию гумрукӣ пешбинӣ шудааст», — гуфт Баҳриддин Сироҷиддинзода.
АКС: Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон









Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»






