Дар натиҷаи суқути ҳавопаймо дар Кореяи Ҷанубӣ 179 нафар ба ҳалокат расид
ДУШАНБЕ, 30.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи суқути ҳавопаймо дар Кореяи Ҷанубӣ, ба истиснои ду нафари наҷотёфта ҳама мусофирон ва ҳайати экипаж ба ҳалокат расиданд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин хусус агентии «Казинформ» бо истинод ба Yonhap иттилоъ додааст.
Ёдовар мешавем, ки ҳавопаймои Jeju Air субҳи рӯзи якшанбе дар фурудгоҳи байналмилалии Муан кӯшиш намуд, ки фуруди изтирорӣ анҷом диҳад. Ҳавопаймо аз хати парвоз баромада, ба девор бархӯрд, дар натиҷа хисороти зиёд ва сӯхтор ба амал омад, ки баъдан хомӯш карда шуд.
Намояндаи идораи оташнишонӣ иттилоъ дод, ки пас аз бархӯрд мусофирон аз ҳавопаймо партофта шуданд.
Дар дохили ҳавопаймо 181 нафар, аз ҷумла шаш аъзои экипаж буданд. Аксари мусофирон, ба истиснои ду шаҳрванди Тайиланд шаҳрвандони Кореяи Ҷанубӣ будаанд.
Як мусофир ва як нафар аз ҳайати экипаж- ҳарду зан- пас аз суқут зуд наҷот дода шуданд ва ҳоло дар беморхонаи Мокпо ба табобат фаро гирифта шудаанд.
Иҷрокунандаи вазифаи президенти Кореяи Ҷанубӣ, муовини сарвазир Чхве Сан Мок дар робита ба суқути ҳавопаймо дар фурудгоҳи Муан як ҳафта мотам эълон намуд.
АКС аз манбаъҳои боз








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






