Дар пойтахт Лоиҳаи «Рушди устувори шаҳри Душанбе» муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 21.12.2024/АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ҷалби ҷонибҳои манфиатдор ба татбиқи Лоиҳаи «Рушди устувори шаҳри Душанбе» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ҳамоиш кормандони вазорату идораҳо, раёсату шуъбаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, корхонаҳо оид ба идоракунии партовҳо, инчунин намояндагони ташкилотҳои байналмиллалӣ иштирок доштанд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад, дар ҳамоиш директори КВД «Шаҳри ҳушманд» Саъдӣ Самадзод Лоиҳаи «Рушди устувори шаҳри Душанбе»-ро ба ҳозирин муаррифӣ намуда, оид ба ҳадаф ва вазифаҳои он маълумоти муфассал дод.
Дар ҳамоиш муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода аз ташаббусҳои беназири Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар рушди самтҳои гуногун дар пойтахт ёдовар шуда, таъкид намуд, ки чунин лоиҳаҳои рушди устувор ва ҳамкории мутақобилан судманд баҳри рушди пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе хеле муҳим ва аз ҷумлаи тадбирҳои саривақтӣ мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






