Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ДУШАНБЕ, 03.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, моҳи майи соли 2025 дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе аввалин Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» доир мегардад. 21 ноябри соли равон ҷаласаи якуми Кумитаи тадорукот оид ба амалигардонии қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» баргузор шуд, ки дар он рафти корҳои омодагӣ ба конфереренсияи мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки 31 августи соли 2023 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баргузории Конференсияи байналмилалии ҳифзи пиряхҳои Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025» ба тасвиб расид, ки «Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии ибтикори панҷуми Президенти Тоҷикистон дар бораи эълон шудани «Соли 2025-Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»» ба он замима гардидааст. Дар банди 8-и нақшаи чорабиниҳои мазкур омадааст, ки то оғози соли 2025 филми мустанад таҳти унвони «Пиряхҳои Тоҷикистон» ба навор гирифта шавад. Ҳамчунин таҳти ҳамин унвон албоми аксҳо таҳия ва нашр гардад.
Филми мустанад аз ҷониби Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод карда мешавад.
Дар банди 14-и ин нақшаи чорабиниҳо дарҷ гардидааст, ки Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷиҳати муҷаҳҳазгардонии Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносӣ бо таҷҳизоти муосир аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷет ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд тадбирҳои зарурӣ андешанд. Барои пешрафти кори мутахассисони маркази мазкур, омӯзиши ҳолати пиряҳо, кӯлҳои пиряхӣ ҷиҳати таҳия ва ҷорӣ намудани моделҳои муосири мониторинги ҳолати пиряхҳо, захираи барф ва раванди тармафароӣ таъмини он бо таҷҳизоти муосир муҳим арзёбӣ мешавад.
Дар бандҳои дигари нақшаи чорабиниҳои мазкур омадааст, ки масъулин дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд фаъолияти истгоҳи автоматии обуҳавошиносӣ ба номи академик Горбуновро дар пиряхи Федченко барқарор созанд. Ба пиряхҳои Тоҷикистон экспедитсияи байналмилалӣ ташкил намуда, дар ҳавзаи дарёҳои ҷумҳурӣ мушоҳидаҳои аэровизуалӣ гузаронида, бо истифодаи технологияи нав атласи ҳавзаи болооби дарёи Вахш ва кӯлҳои пиряхиро таҳия намоянд. Ҳамчунин таҳия ва чопи Феҳристи нави пиряхҳо ва кӯлҳои пиряхии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.
Дар нақшаи чорабиниҳо омадааст, ки масъулин бахшида ба «Соли 2025-Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ҳамоишу конференсияҳои илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ташкил намоянд.
Тибқи иттилои коршиносон, ҳар рӯз дар ҷаҳон дар ҳаҷми беш аз 1 миллион тонна ях об мешавад. Барои муқоиса, пиряхи бузурге, ки аз бархӯрд бо он киштии Титаник ғарқ шуда буд, акнун ҳамагӣ 75 ҳазор тонна ҳисоб карда мешавад. Бар замми ин, хатарноктарин пирях дар ҷаҳон – Антарктида-Твейтс низ, зери таъсири обшавӣ қарор дорад. Таҳқиқоти олимон дар соли 2020 нишон дод, ки аз ҳисоби обшавии ин пирях, аллакай, 4 дарсади болоравии сатҳи ҷаҳонии баҳрҳо ба мушоҳида мерасад ва ин раванд бо гармшавии қабати замин шадидтар мешавад.
Хотиррасон мешавем, ки 14 декабри соли 2022 Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатънома дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, қабул кард. Ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро 153 давлати узви ин созмон ҷонибдорӣ намуд. Қабули чунин як қатъномаи барои ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ муҳиму муфид ҷоизи ифтихору сарфарозии ҳамаи тоҷикони ҷаҳон гардид.
«Кишвари мо мавзуъҳои вобаста ба захираҳои об, истифодаи оқилона ва самараноки онҳо, инчунин ҳифзи пиряхҳоро, аз авлавиятҳои сиёсати давлатии худ муайян кардааст»-иброз доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Конфронси чоруми Душанбе се санади муҳими ҷамъбастӣ қабул карда мешаванд
НИҲОДИ МУҚАДДАСЕ, КИ ДАР ОН АРЗИШҲОИ ИНСОНӢ ТАШАККУЛ МЕЁБАНД. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии оила
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Зиёда аз 110 ҳайати расмии давлатҳои аъзои СММ иштироки худро дар конфронс тасдиқ намуданд
Сафири Тоҷикистон ба намояндагони расонаҳои Покистон оид ба ташаббусҳои байналмилалии мамлакат маълумот дод
Сарфарозгардонии Президенти Тоҷикистон бо унвони профессори фахрии Донишгоҳи Пекин дар пояи 35-солагии истиқлолият – рамзи пайванди илму сиёсат барои ояндаи устувор
ТОҶИКИСТОН — ДАВЛАТИ ТАШАББУСКОР. Иқдомҳои Президенти Тоҷикистон ба пешгирии тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳои минтақаю ҷаҳон нигаронида шудаанд
ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОН БО FAO. Дараи Алмосӣ, гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифии гулобӣ ба Феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид гардидаанд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ИЛМИ ҲУҚУҚШИНОСӢ. Бо роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тавонист низоми ҳуқуқии миллӣ эҷод намояд
ҒИЗОИ СОЛИМ. Истеъмоли сабзавот дар фасли баҳор ва тобистон аҳамияти боз ҳам бештар пайдо мекунад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Намоишгоҳи байналмилалии «Устувории об барои ҳалли масъалаҳои иқлимӣ» ташкил карда мешавад
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар ноҳияи Восеъ ба хоҳишмандон касбу ҳунарҳои дар бозори меҳнат талабгорро меомӯзад






