Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти даъвати тирамоҳӣ ҷаласа баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 20.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таҳлил ва ҷамъбасту натиҷагирӣ намудани фаъолияти мақомоти масъули даъват ва комиссариатҳои ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру навоҳии мамлакат дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар доданд.
Зимни ҷаласа фаъолияти комиссариатҳои ҳарбӣ, монеаву мушкилот ва натиҷаҳои кори масъулине, ки ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ вобаста буданд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду мавсим-баҳорӣ ва тирамоҳӣ даъвати ҷавонписарони аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст. Шаҳрвандон дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дохил карда мешаванд.
Ин навбат низ давоми моҳҳои октябр ва ноябри соли равон даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ чун даъвати баҳории имсола пеш аз муҳлат ва дар сатҳи зарурӣ ба анҷом расид.
Дар ҷаласа масъулини чанд раёсати дахлдори ин ниҳоди қудратӣ доир ба вазъи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирӣ аз сатҳи содиршавии ҷинояту қонуншиканӣ, сифати даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизматӣ ҳарбӣ, пешравию камбудиҳои ҷойдошта, амалан татбиқ намудану тақвият бахшидани машғулияти омодагии сафарбарӣ ва мудофиаи ҳудудӣ, ташкили машғулияти пайвастаи соҳавӣ, ҷобаҷогузории кадрҳои кордону лаёқатманд дар комиссариатҳои ҳарбӣ ва беҳдошти вазъи даъват дар солҳои минбаъда таклифу пешниҳоди ҳалталаб манзур намуданд.
Баъд аз баррасии масъалаҳо вобаста ба натиҷаҳои даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо оид ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти андешидани татбирҳои зарурӣ барои боз ҳам баланд бардоштани қудрати дифоии мамлакат, сифатан хуб гузаронидани чорабиниҳои даъватӣ, пуррагардонии сафҳои артиш бо ҷавонписарони солиму бардам ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ибрози назар карда, шахсони мутасаддии ин чорабинии муҳими сиёсиро бо супоришҳои мушаххас вазифадор намуд.
Таъкид шуд, ки масъулини дахлдор дар навбати аввал ҳамкориро бо мардум ва аҳли ҷомеа боз ҳам вусъат бахшида, дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти дахлдори шаҳрию ноҳиявӣ ба масъалаи омӯзиши шахсияти даъватшавандаҳо ва ба қайди ҳарбӣ гузоштани онҳо таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир кунанд, тамоми камбудиҳои ҷойдоштаро дар муҳлатҳои муайяншуда пурра бартараф карда, самтҳои фаъолияти соҳавии худро боз ҳам таҳким бахшанд. Муҳимтар аз ҳама, нисбат ба иҷрои вазифаю уҳдадориҳои хизматӣ бо масъулияти баланд муносибат намоянд.
Дар ҷараёни вазифагузорӣ ба масоили муайян ва мушаххас намудани шумораи захираҳои сафарбарӣ таваҷҷуҳи ҳамаҷониба зоҳир гардид. Супориш дода шуд, ки бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо барои таъмини ҳайати қувваҳои эҳтиётӣ бо лавозимоти зарурӣ фавран тадбирҳои бетаъхир андешанд.
Дар ҷамъомад комиссарони ҳарбие, ки дар даъвати тирамоҳии соли равон нақшаи пешбинигардидаро дар доираи талабот ва сатҳу сифати зарурӣ ба анҷом расониданд, бо Ифтихорнома ва Сипоснома сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамзамон масъулини комиссариатҳои ҳарбие, ки зимни ташкили ин чорабинии муҳими сиёсӣ баръакс ба камбудиҳои ҷиддӣ роҳ дода, хунукназарӣ зоҳир намуданд, ба ҷазои интизомӣ кашида шуданд.
АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Низомиёни Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии 13-уми Сяншани Пекин иштирок намуданд
Дар Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт амалиёти «Автобус» оғоз гардид
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қазоқистон ва Туркманистон мулоқот намуд
Намояндагони Тоҷикистон дар вохӯрии роҳбарони бюроҳои миллии марказии «Интерпол»-и давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд
Прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Эрон тақвияти ҳамкории ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи ҳафтуми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд
Дар Суғд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар гузашти низомӣ доир гардид
Дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 27 ҳазор нафар иштирок намуданд
Вазири мудофиа: «Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Артиши миллии Тоҷикистон роҳи пуршарафу пурмасъулиятро тай намуд»






