Дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Сипоҳон»-и Эрон бо ҳам бозӣ карданд
ДУШАНБЕ, 04.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Шоми 3 декабр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Сипоҳон»-и Эрон дар доираи бозиҳои даври 6-уми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои 2-и Осиё бо ҳам рақобат карданд. Вохӯрии дастаҳо бо ҳисоби 0 бар 2 ба фоидаи дастаи футболи «Сипоҳон»-и Эрон анҷом ёфт. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Аз ҳайати дастаи футболи «Сипоҳон»-и Эрон голҳоро Муҳаммад Каримӣ аз пеналтӣ дар дақиқаи 55-ум ва Абубакар Камара дар дақиқаи 80-ум ба нишон расониданд.
Бозии дигари гурӯҳ байни дастаҳои футболи «Ал-Ваҳдат»-и Урдун ва «Ал-Шарҷа»-и АМА бо ҳисоби 1 бар 3 ба фоидаи дастаи «Ал-Шарҷа»-и АМА анҷом ёфт.
Дастаи футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» пас аз шаш давр дар зинаи охир ҷой гирифт.
Хотиррасон мешавем, ки дар ин гурӯҳ дастаи футболи «Ал-Шарҷа»-и АМА бо 13 имтиёз пешгом буда, ҳамроҳ бо дастаи «Ал-Ваҳдат»-и Урдун, ки бо 11 имтиёз дар зинаи дуюм аст, ба даври плей-офф роҳ ёфтанд. Дастаи футболи «Сипоҳон»-и Эрон бо 10 имтиёз дар зинаи сеюм мавқеъ гирифта, ба даври баъдӣ баромада натавонист.
АКС: Варзиш ТВ








Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад






