Дастаи футзали «Соро компания»-и шаҳри Душанбе ғолиби марҳилаи аввали Суперлигаи Тоҷикистон гардид

Декабрь 10, 2024 11:40

ДУШАНБЕ, 10.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футзали «Соро компания»-и шаҳри Душанбе- чемпиони  чоркаратаи Тоҷикистон бозии охиринро  дар марҳилаи аввали мавсими ҷории Суперлигаи Тоҷикистон оид ба футзал баргузор намуд. Дар ин бозӣ шогирдони Пайрав Воҳидов дар сафар бар  дастаи футзали  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 3 бар 6 дастболо шуданд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вохӯрии дастаҳо дар Маҷмааи варзишии «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон», воқеъ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардида, бо ҳисоби  калони  6 бар 3 ба фоидаи дастаи  футзали  «Соро компания»-и шаҳри  Душанбе  хотима  ёфт.

Дар рақобат аз ҳайати дастаи футзали  «Соро компания»-и шаҳри Душанбе  Фирӯз Сангов ду гол ба нишон расонид. Дилшод Саломов, Бахтиёр Солиев, Амир Шуҷоъӣ ва дарвозабон Нуриддин Ҷабборов ба дарвозаи ҳариф як голии дигар заданд.

Хотиррасон мешавем, ки Бахтиёр Солиев беҳтарин бозингари дидор эътироф гардид. Ба ҳамин тартиб, дастаи футзали  «Соро компания»-и шаҳри Душанбе мавсимро бо касби 21 имтиёз ва ҷойгир шудан дар зинаи якуми ҷадвали умумии Суперлигаи Тоҷикистон ҷамъбаст кард.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Декабрь 10, 2024 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд