Дастаи футзали «Соро компания»-и шаҳри Душанбе ғолиби марҳилаи аввали Суперлигаи Тоҷикистон гардид
ДУШАНБЕ, 10.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футзали «Соро компания»-и шаҳри Душанбе- чемпиони чоркаратаи Тоҷикистон бозии охиринро дар марҳилаи аввали мавсими ҷории Суперлигаи Тоҷикистон оид ба футзал баргузор намуд. Дар ин бозӣ шогирдони Пайрав Воҳидов дар сафар бар дастаи футзали «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 3 бар 6 дастболо шуданд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Вохӯрии дастаҳо дар Маҷмааи варзишии «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон», воқеъ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардида, бо ҳисоби калони 6 бар 3 ба фоидаи дастаи футзали «Соро компания»-и шаҳри Душанбе хотима ёфт.
Дар рақобат аз ҳайати дастаи футзали «Соро компания»-и шаҳри Душанбе Фирӯз Сангов ду гол ба нишон расонид. Дилшод Саломов, Бахтиёр Солиев, Амир Шуҷоъӣ ва дарвозабон Нуриддин Ҷабборов ба дарвозаи ҳариф як голии дигар заданд.
Хотиррасон мешавем, ки Бахтиёр Солиев беҳтарин бозингари дидор эътироф гардид. Ба ҳамин тартиб, дастаи футзали «Соро компания»-и шаҳри Душанбе мавсимро бо касби 21 имтиёз ва ҷойгир шудан дар зинаи якуми ҷадвали умумии Суперлигаи Тоҷикистон ҷамъбаст кард.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






