Федератсияи футболи Тоҷикистон кӯшиш дорад, ки дастаи мунтахаби «Помир»-и Бадахшон ба Лигаи дуюми футбол барояд
ХОРУҒ, 25.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади рушди футбол дар се соли охир дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 10 майдончаи муосири футболи хурд бунёд гардида, варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ пурра навсозӣ шуд.
Сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Солеҳҷон Амирҷон ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан гуфт, ки «барои баланд бардоштани малакаю маҳорати мураббиёни ин намуди варзиш пайваста даврҳои омӯзишӣ баргузор мегарданд. Зиёда аз 20 мураббии вилоят ба даврҳои омӯзишии Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷалб шуда, соҳиби дараҷаҳои А ва Б гардиданд. Ин ба аъзои дастаи мунтахаби футболи вилоят имкон дод, ки дар мусобиқаҳои дӯстонаи ҷумҳуриявӣ низ иштирок намоянд».
Мусобиқаи дӯстонаи дастаи «Помир»-и Бадахшон бо дастаи «Равшан», ки дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб баргузор шуда, бо ҳисоби 2 бар 2 ба поён расид, нишони ин аст. Дубора интихоб шудани Рустами Эмомалӣ ба вазифаи Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон ба рушду тавсеаи футбол дар шаҳру ноҳияи вилоят муосидати фаъол менамояд.
Солеҳҷон Амирҷон афзуд, ки амалисозии «Барномаи махсуси президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон барои рушди футбол дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024» бо натиҷаҳои дилхоҳ ҷамъбаст гардид. Бахусус бо татбиқи яке аз бандҳои ин барнома, ки ба рушди футбол дар деҳот нигаронида шуда буд, бисёр чеҳраҳои нав аз байни кӯдакону наврасон ва ҷавонон пайдо шуданд. Онҳо ба дастаҳои мунтахаби шаҳру ноҳияҳои вилоят дохил гардиданд.
Барои дастаҳои мунтахаби кӯдакону наврасон шароит фароҳам оварда шуд, ки ҳамасола дар мусобиқаҳои лигаҳои «Умед», «Пешсаф» ва Ҷоми Черевченко иштирок кунанд. Ҳамзамон дар панҷгонаи дастаҳои беҳтарини ҷумҳурӣ номи худро сабт намоянд.
Федератсияи футболи Тоҷикистон кӯшиш менамояд, ки соли оянда дастаи мунтахаби «Помир»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба Лигаи дуюми футболи Тоҷикистон барояд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид






