ФУТБОЛ. Дар бозии аввали дастаҳои «Парвоз» ва «Панҷшер» ғолиб муайян нашуд
ДУШАНБЕ, 04.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бозии аввали гузаришӣ барои мавсими ояндаи Лигаи олӣ байни дастаҳои футболи «Парвоз»-и Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд ва «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуда, бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 анҷом ёфт. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Аз ҳайати дастаи футболи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар дақиқаи 6-уми бозӣ Давлатбек Сайдаминов гол зада, ҳисобро боз кард. Муҳсин Рустамзода дар дақиқаи 64-уми бозӣ аз ҳайати дастаи футболи «Парвоз»-и Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд гол зада, ҳисобро мусовӣ намуд.
Тақдири роҳхат ба мавсими навбатии Лигаи олӣ дар бозии дуюм ҳал мешавад. Вохӯрии дуюми дастаҳо 7 декабр дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ ғолиби Лигаи якуми Тоҷикистон дар мавсими 2024 гардид. Дастаи футболи «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ дар 24 бозии мавсим 62 имтиёз ба даст оварда, бо бартарии 2 имтиёз аз дастаи футболи «Парвоз»-и Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд чемпиони мусобиқа шуд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад






