Гела Шекиладзе дар мавриди ҳарифони дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 ибрози андеша намуд

Декабрь 11, 2024 10:16

ДУШАНБЕ, 11.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол Гела Шекиладзе дар бораи натиҷаҳои қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027, ки дар он тимҳои миллии Филиппин, Малдив ва Тимори Шарқӣ ҳарифони дастаи мо шудаанд, ибрози аншеда намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Гела Шекиладзе аз ҷумла  изҳор дошт, ки «дар ин сатҳ дастаҳои заиф вуҷуд надоранд. Бояд ба ҳар бозӣ омода буд. Дастаи Филиппин рақиби хуб аст. Ин тимро мо ба хубӣ мешиносем, бо онҳо имсол ду маротиба бозӣ кардем. Дастаи миллии Филиппин бозигарони зиёде аз чемпионатҳои Аврупо дорад. Умуман, Филиппин барои тими миллии Тоҷикистон рақиби сахт аст, бозиҳо бо онҳо ҳамеша душвор буданд. Бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019-ро метавонем ба ёд биёрем».

Сармураббии дастаи  мунтахаби Тоҷикистон афзуд, ки «дастаи мунтахаби Малдивро низ хуб мешиносам, дар ин даста кор кардаам, бад нест. Тимори Шарқӣ дар муқоиса бо Филиппин он қадар қавӣ нест, аммо ҳар рақибро бояд эҳтиром кард. Беэҳтиромӣ нисбат ба рақиб ҳамеша натиҷаи нохуш дар пай дорад».

Мавсуф таъкид кард, ки  бозиҳо дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 осон нахоҳанд буд ва илова намуд, ки ба ҳар тим бояд бо эҳтиром муносибат кард ва ба ҳар рақобат бо тайёрии хуб рафт.

-Мо аллакай нақшаи омодагиро ба вохӯриҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 тартиб додаем. Соли оянда бозигарон ҳам дар чемпионати мамлакат ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ бозиҳои зиёд доранд. Аз ин рӯ довталабон ба сафи тими миллӣ бояд дар ҳолати хуб бошанд. Мақсади дастаи мунтахаби мо роҳ ёфтан ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 аст. Мо барои расидан ба ин мақсад тамоми қувваи худро сарф мекунем, — иброз дошт  Гела Шекиладзе.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Декабрь 11, 2024 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд