РУШДИ ТОҶИКИСТОН ТАВАССУТИ РАҚАМИКУНОНӢ, ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА НИЗОМИ МАОРИФИ ПЕШРАФТА. Бардошт аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
ДУШАНБЕ, 30.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2024 дар бинои нави Парлумони ҷумҳурӣ баргузор гардид.
— Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ масъалаҳои муҳими сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, пешрафти соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ, аз қабили саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, сайёҳӣ, илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, касбомӯзӣ, ҷавонон, занон, варзиш ва муносибатҳои байналмилалӣ баррасӣ гардиданд. Дастовардҳои мамлакат дар ин самтҳо арзёбӣ шуда, мушкилот ва роҳи ҳалли саривақтии онҳо низ баён карда шуд. Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ имкон медиҳад, ки барномаҳои давлатӣ барои татбиқи стратегияи миллӣ ва ислоҳот дар солҳои оянда мушаххас карда шаванд.
Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ иброз гардид, ки Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳама захираю имконияти мавҷуда барои мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум нақшаҳои бузурги созандагиро амалӣ менамояд. Натиҷаи ҳамин аст, ки соли 2024 ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуда, дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил медиҳад. Ин нуктаро бояд гуфт, ки ин нишондиҳанда болотарин нишондиҳанда дар сатҳи ҷаҳони муосир аст. Мувофиқи омори дастрасгардида, рушди Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Казоқистон ва Қирғизистон 5 фоиз ва 4,5 фоиз мебошад. Рушди Маҷмуи маҳсулоти дохилии Ҷумҳурии Арманистон бо суръати 5,7 фоиз буда, суръати рушди Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар Федератсияи Русия тақрибан ба 2 фоиз баробар аст. Дар сатҳи ҷаҳонӣ бисёре аз иқтисодиёти пешрафта бо суръатҳои хеле пасттар рушд мекунанд, масалан Иёлоти Муттаҳида бо тақрибан 2,5 фоиз ва минтақаи евро бо тақрибан 0,5 фоиз рушди худро соли 2024 таъмин намудаанд. Пас ин нишондиҳанда далели он аст, ки сиёсати пешгирифтаи Президенти Тоҷикистон дар ин самт сиёсати муваффақ ва динамикаи фаъолияти иқтисодӣ мусбат буда, дурнамоҳо ва стратегияҳо дар ин маврид самаранок ҳастанд. Ин нишондиҳанда бори дигар нишон медиҳад, ки тавассути сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Президенти Тоҷикистон, ки роҳкушову роҳнамои ҳама самтҳои фаъолият ва ҳаёти мамлакат мебошанд, иқтисоди ҷумҳурӣ бо вуҷуди мушкилоти зиёди замони муосир ва чолишҳои гуногун бомуваффақият рушд менамояд.
Қобили гуфтан аст, ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ масъалаҳои муҳимтарине, ба монанди рақамикунонӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар тамоми соҳаҳо таъкид гардид ва доир ба амалисозӣ ва истифодаи самараноки онҳо ба Ҳукумати мамлакат ва вазорату идораҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Ин дастурҳо хеле муҳим ва талаби замон буда, дар асре, ки онро асри технологияҳои абарқудрат ва абарзуддӣ меноманд, бе истифодаи ин технологияҳо ва дастовардҳои инсонӣ дар ин самтҳо рушди устувори иқтисоди мамлакатро таъмин намудан душвор мебошад, зеро дар ҷаҳони муосир бе рақамикунонӣ рушди давлатро ҳатто тасаввур намудан ғайриимкон аст. Аввалан, рақамикунонӣ имкон медиҳад, ки корхонаҳо равандҳои истеҳсолӣ ва мудириятӣ-маъмурии худро автоматӣ намоянд, ки ин ба навоварӣ ва баланд бардоштани самаранокии иқтисодӣ мусоидат мекунад ва он метавонад ба тавлиди маҳсулоти рақобатпазир ва хизматҳои бештар ва сифатноктар оварда расонад. Баъдан, рақамикунонӣ дар хизматрасониҳои давлатӣ, аз қабили маориф, тандурустӣ ва амнияти иҷтимоӣ метавонад шаффофиятро афзоиш диҳад. Системаҳои иттилоотию коммуникатсионии муосири идоракунӣ имкон медиҳанд, ки шаҳрвандон ба осонӣ ба хизматҳои давлатӣ дастрасӣ пайдо кунанд. Инчунин рақамикунонӣ маҳоратҳои зарурӣ дар бозори меҳнатро тағйир медиҳад ва тақозо мекунад, ки кормандон дар соҳаҳои технологияи иттилоотӣ ва алоқа ва дигар соҳаҳои вобаста ба технология омӯзиш бинанд. Ин раванд метавонад ба эҷоди шуғлҳои нав ва афзоиши даромади кормандон оварда расонад. Ҳамзамон рақамикунонӣ имконияти баробар барои дастрасӣ ба маълумот ва хизматрасониҳоро барои ҳама шаҳрвандон, аз ҷумла гурӯҳҳои камбизоат ва аҳолии минтақаҳои дурдасти мамлакат фароҳам меорад. Ин метавонад ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва беҳбуди сифати зиндагии умумии аҳолӣ мусоидат намояд. Аз тарафи дигар, рақамикунонӣ дар соҳаи энергетика ва захираҳои табиӣ метавонад ба истифодаи самаранок ва пойдори захираҳои табиӣ кумак расонад. Системаҳои назорати рақамӣ метавонанд истеъмол ва талафоти энергияро кам кунанд ва самаранокии энергетикиро беҳтар созанд ва дар маҷмуъ, рақамикунонӣ дар давлатҳои рушдёбанда ва рушдкарда нақши муҳим дорад ва метавонад дар тамоми соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа ба пешрафт ва рушди устувор мусоидат намояд. Ҳамаи инро ба назар гирифта, Президенти Тоҷикистон ба Ҳукумати ҷумҳурӣ барои рақамикунонӣ дастур ва супоришҳои мушаххас доданд. Боварии комил дорем, ки ин дастурҳо сари вақт ва босифат иҷро мешаванд ва рақамикунонӣ ба афзоиши буҷети давлатӣ ва тавъам бо он ба боз ҳам беҳтар гардидани ҳифзи иҷтимоӣ дар мамлакат мусоидат менамояд.
Масъалаи дигар- ин зеҳни сунъӣ ва истифодаи он дар ҳама самтҳои ҳаёти ҷумҳурӣ аст, ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ он таъкид гардид. Зеҳни сунъӣ дар айни замон вазифаҳоеро, ки маъмулан талаби зеҳни инсонӣ мебошанд, бо суръати баланд иҷро мекунад. Ин вазифаҳо метавонанд аз таҳлили додаҳо ва омӯзиши мошин то шинохти садо ва симоҳо иборат бошанд. Ин технология дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, аз тандурустӣ ва маориф сар карда, то истеҳсолот ва хизматрасонии муштариён истифода мешавад. Зеҳни сунъӣ дар айни замон имконияти зиёдеро барои рушди мамлакатҳо ва ҳалли мушкилоти мавҷуда пешниҳод менамояд. Масалан, зеҳни сунъӣ метавонад дар соҳаи тандурустӣ барои ташхис ва табобати бемориҳои мураккаб, беҳтар намудани идоракунии захираҳои тиббӣ ва назорати саломатии аҳолӣ истифода шавад. Он метавонад ба коҳиш додани хароҷоти тандурустӣ ва беҳтар кардани дастрасӣ ба хизматҳои тиббӣ дар минтақаҳои дурдаст кумак расонад. Дар кишоварзӣ барои истифодаи самаранок ва кумак ба кишоварзон дар интихоби беҳтарин вақт ва усулҳои кишту парвариши маҳсулот зеҳни сунъиро истифода намудан имконпазир буда, ин технология метавонад ба афзоиши ҳосилнокии замин ва коҳиши талафот дар занҷирҳои таъминот мусоидат намояд.
Ҳамчунин зеҳни сунъӣ метавонад дар ҷараёни таълиму тарбия истифода бурда шавад, ки он алгоритмҳои тарзи омӯзиши инфиродии ҳар шогирдро аввалан тартиб медиҳад ва баъдан беҳтар месозад ва ин амал ба болоравии сифати таҳсил ва сатҳи дониш мусоидат менамояд. Зеҳни сунъӣ метавонад барои пешгӯӣ ва муқобила бо офатҳои табиӣ, аз қабили сел ва заминларза, истифода шавад. Таҳлили додаҳои калон ба масъулин имконият медиҳад, ки вокунишҳои зуд ва самаранок таҳия кунанд, ки ин метавонад инсонҳоро наҷот диҳад ва хисоротро кам кунад. Дар бахши молия ва бонкдорӣ зеҳни сунъӣ барои таҳлил ва пешгӯии амалиёт дар бозорҳои молиявӣ ва асъорӣ, идоракунии хавфҳо ва мубориза бо фиреб дар системаҳои пардохт истифода мешавад. Ин метавонад ба муътадилии иқтисодии ҷумҳурӣ ва коҳиши фасод дар системаҳои молиявӣ мусоидат намояд. Дар умум, истифодаи зеҳни сунъӣ дар ҷумҳурӣ метавонад ба беҳтар шудани сифати ҳаёт, коҳиши рушди устувори иқтисодӣ ва болоравии сатҳи иҷтимоӣ мусоидат намояд.
Вобаста ба ин гуфтаҳо амалӣ сохтани дастуру ҳидоятҳои созанда, бунёдкорона ва дурандешонаи Сарвари давлат дар ин маврид зарур ва саривақтӣ аст.
Масъалаи дигари муҳим ва фикр мекунам, ки муҳимтарине, ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таъкид гардид, ин вазъи соҳаи маориф ва рушди минбаъдаи он мебошад. Пешвои миллат бори дигар таъкид намуданд, ки Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад. Сарвари давлат вазъи соҳаро таҳлил намуда, нишондодҳо ва рушди онро бо рақамҳо ва далелҳои мушаххас баён намуданд ва таъкидашон бар он буд, ки танҳо низоми пешрафтаи маориф метавонад рушди тамоми самтҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷумҳуриро таъмин намояд. Донистани техникаю технологияҳои муосир, забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои русӣ ва англисӣ, таъмини сифати таҳсил, баланд бардоштани сатҳи дониш дар тамоми зинаҳои таҳсил аз таъкидҳо ва дастуру ҳидоятҳои хирадмандонаи Президенти ҷумҳурӣ дар ин маврид буданд. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки «то вақте, ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳад монд» ва илова намуданд, ки «аз ин лиҳоз метавон хулоса кард, ки сифати давлат на ба шумораи аҳолӣ, балки ба сифати аҳолӣ вобаста мебошад».
Дар фарҷом иброз намуданиам, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 28 декабри соли 2024 ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешниҳод гардид, мо бори дигар таҳлили пурра, баррасӣ ва масъалагузориҳои мушаххасро барои рушди минбаъдаи мамлакат шунидем. Имрӯз вазифаи минбаъдаи ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ- шуруъ аз аъзои Ҳукумати мамлакат то дигарон он аст, ки агар мо Тоҷикистони пешрафта, рақобатпазир, дар арсаи байналмилалӣ шуҳратёфта, зиндагии тинҷу осоишта ва ояндаи дурахшони давлату миллат, алалхусус насли наврас ва фарзандони худро мехоҳем, бояд ҳамин дастуру ҳидоят ва раҳнамоию насиҳатҳои падаронаи Пешвои миллатро содиқона ва поквиҷдонона иҷро намоем.
Боварӣ дорам, ки бо иҷрои ин дар ҳама самтҳо муваффақ хоҳем шуд.
Фарҳод РАҲИМӢ,
Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»