Иҷрои нишондодҳои Паёми Президенти Тоҷикистон барои ба давлати мутараққӣ табдил ёфтани Тоҷикистон қадами ҷиддӣ хоҳад буд

Декабрь 28, 2024 15:07

ДУШАНБЕ, 28.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз кормандони дастгоҳи марказии Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ва кумитаҳои соҳавиии ҷумҳуриявии иттифоқҳои касаба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тамошо намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон хабар доданд.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро дар соли сипаригардида натиҷагирӣ намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ  барои давраҳои оянда вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар роҳи расидан ба ҳадафҳои миллӣ ва рушди устувори иқтисоди мамлакат санади муҳим буда, иҷрои саривақтии дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат аз ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ заҳмати софдилонаю шабонарӯзӣ  тақозо менамояд. Иҷрои нишондодҳои Паём барои ба ҷумҳурии мутараққӣ ва рақобатпазир табдил ёфтани Тоҷикистони соҳибистиқлол қадами ҷиддӣ хоҳад буд.

Дар ин маврид кормандони ташкилоти иттифоқи касаба ҳар нуктаи дахлдори ин ҳуҷҷати муҳимро ба хубӣ дарк намуда, онро ҷонибдорӣ  ва барои амалӣ гаштани он саъю талош ва ҷиҳати ҳимоя ва ҳифзи манфиатҳо, ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодии кормандон ва ҳамчунин бемайлон вусъат додани ҳаракати иттифоқҳои касаба ҷаҳду талош менамоянд.

АКС: Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон

Декабрь 28, 2024 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Восеъ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир гардид
Ба сокинони Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
МАОРИФ — ОМИЛИ КАЛИДИИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕА. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуданд
Ба кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Тақвият ва таҳкими худшиносии миллӣ талаботи замони имрӯз аст
Дар Суди Олӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Онҳо дар рушди неруи инсонӣ нақши муассир доранд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон — роҳнамои рушди ҷумҳурӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир
«ПАЁМ — ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОӢ». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир шуд