ИНТИХОБОТ ПАДИДАИ ҶОМЕАИ ДЕМОКРАТӢ АСТ. Шарҳи профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ
ДУШАНБЕ, 07.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2024 «Дар бораи таъйини интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ қабул гардид, ки тибқи он интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо 2 марти соли 2025 таъйин карда шуда, интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 марти соли 2025 таъйин гардид. Ҳамчунин муайян гардид, ки интихоботи вакилони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» 2 марти соли 2025 гузаронида мешавад. Ин мавзуъро узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирзода шарҳ медиҳад.
— Интихобот ҳамчун маъракаи муҳимми сиёсӣ яке аз омилҳои муҳимми таъмини рушди демократия тавассути амалӣ намудани ҳуқуқи шаҳрвандон ба ташаккули ҳокимияти сиёсӣ ва интихоби шахсони мансабдори он мебошад. Он раванди сиёсие маънидод мешавад, ки мубориза барои ҳокимият хосияти осоишта дошта, субъектҳои дар он иштироккунанда бо ҳадафи дақиқ ва бошуурона вориди муборизаи сиёсӣ мешаванд. Ҳамин аст, ки ҳар яки онҳо барои ба даст овардани интизориҳои худ нақша ва манбаъҳои муайяни молиявию моддӣ ва маънавиро пешбинӣ мекунанд. Дар натиҷа барои ба даст овардани мақсадҳои худ ба рақобати шадид ворид мешаванд.
Раванди иштирок дар интихобот истифодаи василаҳои қолабиро намепазирад. Дар ин самт ташаббускорӣ, пешниҳоди ғояҳои нави ҷолиб барои электорат, истифодаи василаҳои дорои қудрати самараноки таъсиррасонӣ, муносибати фардӣ бо гурӯҳҳои алоҳидаи интихобкунандагон, донистани қонунияти менеҷменти интихоботӣ ва татбиқи василаҳои маркетинги сиёсӣ хеле муҳим мебошад. Маҳз аз ҳамин нуктаи назар моделҳои идоракунии дар иқтисод қабулшуда дар шакли вижаи худ дар бозори сиёсӣ, хусусан дар маъракаҳои электоралӣ низ ба кор бурда мешаванд. Инро таҷрибаи амалии сиёсӣ кайҳо боз собит намудааст ва технологҳои сиёсӣ аз ин тарҳхо истифода мебаранд.
Воқеан ҳам, маҳз моҳияти ошкоро ва даврагӣ доштани интихобот ба сифати меъёрҳои ҳатмӣ ва умумипазируфта баромад менамояд. Вобаста ба ин тақозо мегардад, ки ҳама субъектҳои дар раванди интихобот иштироккунанда ин муқарраротро риоя намоянд. Ҳамзамон бо ин интихобот маъракае аст, ки дар он интихобкунанда имкони интихоб намудани намояндаи худ дар парлумон ё сарвари сиёсии давлатро дорад. Вобаста ба ин таъмини ҳуқуқи интихоботии шахс аҳамияти хоси ҳуқуқию сиёсӣ пайдо мекунад.
Мишел Бачеллет, ки дар гузашта Комиссари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон буд, вобаста ба аҳамияти интихобот дар ҳаёти ҷомеа ва давлатҳо менависад, ки «интихобот асоси қонунмандии ҳукумат ва сарваронро ташкил мекунанд. Дар баробари таъмини меъёрҳо дар соҳаи ҳуқуқи инсон интихобот барои ташаккули давлат ва ҳукуматҳои пурқуввату қонунӣ, ки эҳтироми худро ба халқи худ нишон дода, ба ӯ имкони ифодаи иродаашро медиҳанд, кумак мерасонанд». Мантиқан хулоса намудан мумкин аст, ки маҳз тавассути интихобот ниҳодҳои мақомоти давлатӣ ташаккул меёбанд, ки заминаи онҳоро иродаи шаҳрвандон ташкил медиҳанд. Маҳз ҳамин нукта аҳамияти сиёсии интихоботро боло бурда, ташкил ва баргузор намудани онро ҳамчун василаи эҳтиром гузоштан ба иродаи мардум муҳим мегардонад. Ҳамзамон бо ин, интихобот ифодаи технологияи ташаккули ҳокимияте аст, ки асоси онро иродаи мардум ташкил дода, бо ҳамин роҳ қонунмандии он таъмин карда мешавад.
Интихобот ҳамчун раванди сиёсӣ тавассути истифодаи технологияҳои гуногун амалӣ карда мешавад. Технологияҳои интихоботӣ аз рӯйи моҳияти худ иҷрои амалҳо ва истифодаи пайдарпайи василаҳоеро дар назар доранд, ки тавассути онҳо имкони ба даст овардани мақсади гузоштаи субъектҳои ин маъракаи сиёсӣ имконпазир мегардад.
Тоҷикистон ҳамчун мамлакати дар масири таҳкими демократия қарордошта давоми солҳои соҳибистиқлолӣ барои тақвияти мавқеи ниҳоди интихобот дар ҷомеа, боло бурдани эътимоди мардум ба интихобот ҳамчун маъракаи муҳимми сиёсӣ ва таъмини татбиқи самараноки ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон чораҳои бунёдиро амалӣ менамояд. Дар натиҷа ниҳоди интихобот дар Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди низомсоз эътироф шуда, дар шакли комил ташаккул ёфта, фаъолият дорад.
Ниҳоди интихобот фарогири ҷанба ва унсурҳои гуногуне мебошад, ки тавассути онҳо вазифаҳои гузошташуда амалӣ мегарданд. Унсурҳои муайяни сохторие, ки имрӯз интихобот дар бар мегирад, имкони фаъолияти онро ҳамчун ниҳоди том ва воҳид таъмин менамоянд. Ин унсурҳо моҳияти меъёрӣ, ниҳодӣ, иттилоотӣ ва молиявӣ доранд.
Унсури меъёрӣ мавҷудияти заминаи меъёрии ҳуқуқӣ оид ба интихоботро дар бар гирифта, тавассути он ин раванди сиёсӣ пурра ба танзим дароварда мешавад. Унсури гуфташуда чаҳорчӯбаи рафтору муносибатҳои ҳама субъектҳои дар интихобот иштироккунандаро танзим мекунад.
Асоси интихобот ва аҳамияту моҳияти онро Конститутсияи ҷумҳурӣ муқаррар намудааст. Дар моддаи 6 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст». Ин меъёр аҳамияти хоси сиёсӣ дошта, моҳияти мардумсолориро ифода менамояд. Ба халқ мутааллиқ донистани ҳокимият ва эътирофи ҳуқуқи халқ ба идоракунии бавосита ва ё бевосита ифодаи технологияи ташаккули ҳокимият дар Тоҷикистон мебошад. Дар ин ҳошия эътирофи интихобот ҳамчун ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ инъикоси майли ҳокимият ба таҳкими демократия мебошад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қувваи олии ҳуқуқӣ дошта, меъёрҳояш мустақиман амал мекунанд, дар моддаи 27 муқаррар намудааст, ки «шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд.
Шаҳрванд аз синни 18 ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок кардан, интихоб намудан, инчунин аз синни муқаррарнамудаи Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо ҳуқуқи интихоб шуданро дорад».
Дар ин моддаи Конститутсия омадааст, ки «шаҳрвандоне, ки аз тарафи суд ғайри қобили амал дониста шудаанд ва ё мувофиқи ҳукми суд дар ҷойҳои аз озодӣ маҳрумшудагон нигоҳ дошта мешаванд, ҳуқуқи дар интихобот ва раъйпурсӣ иштирок кардан надоранд».
Дар заминаи муқаррароти Конститутсияи ҷумҳурӣ маҷмуи қонунҳои конститутсионӣ, аз ҷумла, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» қабул карда шуданд. Ин қонунҳо заминаи устувори меъёрии ҳуқуқиро дар масъалаи ташкил ва баргузор намудани интихобот дар ҷумҳурӣ муҳайё намуданд.
Моддаи 49-и Конститутсия низоми интихоботи парлумониро дар ҷумҳурӣ муқаррар мекунад. Дар қисми якуми ин модда омадааст, ки «интихоботи Маҷлиси намояндагон ба таври умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ доир мешавад. Вакили Маҷлиси намояндагон шахсе интихоб шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад».
Бояд гуфт, ки ҷузъи меъёрӣ дар шароити рушд ва таҳкими муносибатҳои демократӣ дар ҷомеа хеле муҳим мебошад. Чаҳорчӯбаи муайяннамудаи қонунгузории мамлакат, ки мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ дар ин самт мебошад, имкон додааст, ки принсипҳои асосии ташкил ва баргузории интихобот муайян ва риоя карда шуда, шаҳрвандон аз ҳуқуқи интихоботии худ бемонеа истифода баранд.
Унсури ниҳодӣ фаъолияти ниҳоди ваколатдори давлатӣ дар соҳаи интихоботро дар назар дорад, ки масъулияти ташкил ва баргузор намудани маъракаи интихобот ба уҳдаи он гузошта мешавад. Яке аз масъалаҳои муҳим дар раванди ташкил ва баргузор намудани маъракаи интихобот- ин диққати зарурӣ додан ба касбикунонии он мебошад. Ташкил ва омӯзонидани аъзои комиссияҳои интихоботӣ қадами ҷиддӣ барои дар сатҳи баланди касбӣ гузаронидани маъракаи интихобот мебошад.
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 19 июли соли 2019 аз ҷониби Президенти мамлакат имзо шудааст, моҳият, принсипҳои фаъолият, тартиби таъсис ва ҳайат, муҳлати ваколати узви он, қоидаҳои узвият, вазъи ҳуқуқии Комиссия, раис, муовин, котиб ва узви он, фаъолияти меҳнатӣ ва тартиби бозхонди раис, муовини раис, котиб ва аъзои он, ташкили фаъолияти Комиссия, тартиби пешниҳоди муроҷиатҳо ба Комиссия, уҳдадории вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ташкил ва баргузории интихобот ва раъйпурсӣ, ҳамкории байналмилалии Комиссия ва тартиби фаъолияти дастгоҳи Комиссия муқаррар карда шудааст.
Унсури молиявӣ низ ҳамчун ҷузъи таркибии раванди интихобот пазируфта шуда, тавассути он ин маърака баргузор гашта, тартиби ташаккул ва истифодаи манбаъҳои молиявӣ тибқи қонунгузорӣ дақиқ танзим карда мешавад. Масъалаи мазкур аҳамияти хоси амалӣ дошта, метавонад ба раванди интихоби озоди шаҳрвандон таъсир расонад.
Танзими унсури молиявии интихобот амали зарурӣ буда, маҳз тавассути он баробарии иштироки номзадҳо дар интихобот таъмин гашта, аз амалҳои ғайриқонунӣ, ба мисли «харидани овози интихобкунандагон» ва бартариятхоҳӣ, ки принсипи баробарии иштироки субъектҳои дар интихобот иштироккунандаро вайрон мекунад, пешгирӣ карда мешавад.
Унсури иттилоотӣ ташкили таъминоти иттилоотии раванди интихоботро дар бар мегирад, ки бе он ягон маъракаи интихоботӣ наметавонад босамар амалӣ шавад. Вобаста ба ин унсури дигари муҳим ва пурракунандаи раванди интихобот таъминоти иттилоотии раванди интихобот мебошад.
Раванди бемайлони рушди демократия дар ҷумҳурӣ тақозо менамояд, ки дар раванди баргузории маъракаи интихобот василаҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон ва мувофиқ ба сатҳи фарҳанги сиёсии ҷомеа интихоб ва татбиқ карда шаванд. Муҳим будани ин масъала дар он аст, ки интихобкунанда дар доираи арзишҳои сиёсии дар ҷомеа ташаккулёфта шакли муайяни иҷтимоишавиро мегузарад. Маърифат ва фарҳанги сиёсии ӯ низ дар ҳамин доира ташаккул ёфта, муносибати ӯро ба равандҳои сиёсӣ муайян мекунад. Маҳз аз ҳамин сабаб қолаб ва технологияҳои ташаккулёфтаи интихоботии як мамлакатро дар кишвари дигар истифода намудан мумкин нест, зеро он хусусияти таҳмилӣ ва маҷбуран боркардашуда пайдо намуда, ба интихоби бошууронаи интихобкунанда халал мерасонад.
Интихоби технологияи интихоботӣ, ки василаи муҳимми таъсиррасонӣ ва ба даст овардани муваффақият мебошад, аз майли субъектони ин маърака вобаста мебошад. Қонунгузории ҷумҳурӣ роҳу василаҳои ташкили маъракаи интихоботиро муқаррар намудааст. Яке аз василаҳои муҳим ташкили маъракаи ташвиқотӣ ва чаҳорчӯбаи баргузор намудани он мебошад. Мутобиқи моддаи 39 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тартиби гузаронидани ташвиқоти пешазинтихоботиро муайян намудааст, «давлат ба шаҳрвандон, номзадҳо, ҳизбҳои сиёсӣ дар вақти гузаронидани интихобот бе мамониат ташвиқот бурданро мувофиқи ин қонун таъмин менамояд.
Шаҳрвандон, номзадҳо, ҳизбҳои сиёсӣ метавонанд бо шаклу усулҳои қонунӣ барои иштирок дар интихобот озодона ва ҳаматарафа ташвиқот баранд, барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳо, сифатҳои сиёсӣ, корӣ, шахсии онҳо, ҳамчунин барномаҳои пешазинтихоботии ҳизбҳои сиёсиро муҳокима намоянд, ба тарафдорӣ ё зидди ин ё он номзад дар маҷлисҳо ва воситаҳои ахбори омма ташвиқот баранд». Тартиб ва усулҳои гузаронидани маъракаи интихобот низ дар ин қонун муқаррар карда шудаанд.
Дар замони рушди бемайлони воситаҳои электронии иттилоот ва вусъат пайдо намудани шабакаи интернет маҳз фазои маҷозӣ яке аз маконҳои рақобатноки мубоҳисаҳои сиёсӣ маҳсуб мешавад. Вобаста ба ин, истифодаи василаҳои технологии замонавӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ барои таъмини иттилоотии раванди интихобот ва пешбурди ташвиқоти пешазинтихоботӣ хеле муфид мебошад. Барои ин дар ҷумҳурӣ заминаи зарурии ҳуқуқӣ ва инфрасохторию технологӣ фароҳам оварда шудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»