ҲИЗБЕ, КИ ОРМОНҲОИ МАРДУМРО АМАЛӢ МЕНАМОЯД. Бардошт аз ҳамоиш дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо
ДУШАНБЕ, 17.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи тафаккури Пешвои миллат буда, бо назардошти афкору андешаҳои гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа таъсис ёфтааст. Он тавонист дар марҳилаи хеле кӯтоҳи таърихӣ ҳамчун ҳизби меҳварӣ орзую ормонҳои мардумро таҷассум кунад ва ба ҳизби умумимиллӣ табдил ёбад. Дар ин хусус муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои мамлакат Ашурбой Солеҳзода зимни ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон изҳори назар намуд.
Тавре дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ииттилоъ доданд, дар ҷамъомади тантанавӣ иброз гардид, ки ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба рушди Тоҷикистон ва осудаҳолии мардум равона гардидаанд. Ин барои ҳар яки мо аз манфиат холӣ нест, зеро ватандӯстию зиракии сиёсии моро боло бардошта, муҳаббату садоқатамонро ба ҳизб ва Роҳбари он – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар маҷмуъ ба Тоҷикистон боз ҳам бештар менамояд.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Убайдулло Қурбонзода иброз дошт, ки «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар байни дигар ҳизбҳои сиёсии мамлакат мақому манзалат ва ҷойгоҳи махсус дорад. Зеро дар ҳама дастовардҳои Тоҷикистон дар самту бахшҳои гуногун ва муҳими давлатдорӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки зодаи даврони истиқлол ва тафаккури созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раис ва муассиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, нақши муассир ва мондагор дорад».
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






