Корхонаи фаръии «Захира дар минтақаи Рашт»»-и Агентии захираҳои моддии давлатӣ зиёда аз 1000 тонна гандум захира намудааст

Декабрь 8, 2024 11:00

РАШТ, 08.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи истеҳсоли орди Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт имрӯзҳо барои ба танзим даровардани нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал зиёда аз 1000 тонна  гандум захира намудааст. Инчунин ба воситаи  мағозаҳои зертобеи он дар  ноҳияҳои Рашт 220 тонна орд, дар Ҷамоати деҳоти Сағирдашт 100 тонна, Сангвор-  70 тонна,  Лахш- 50 тонна,  Нуробод- 40 тонна ва  дар Тоҷикобод 50 тонна орди хушсифат захира шудааст. Дар ин хусус   ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд  муовини директори Корхонаи фаръии «Захира дар минтақаи Рашт»  Муҷтабо Ҳасанов иттилоъ дод.

Корхона орди навъи якумро бо нархи 210 сомонӣ ва навъи дуюмро бо нархи 180 сомонӣ  ба сокинони ин ноҳияҳо пешниҳод намудааст. Корхонаи фаръии  «Захира дар минтақаи Рашт» имрӯзҳо дар ин ноҳияҳо  30 тонна шакар,  5000 литр  равған, 10 тонна макарон,  3 тонна марҷумак ва 3 тонна биринҷро бо нархҳои дастрас дар мағозаҳо ба фурӯш гузоштааст.

Инчунин 160 тонна сабус барои хӯроки чорво бо нархи нисбат ба бозор арзонтар ба сокинони ин ноҳияҳо пешниҳод шудааст.

Корхонаи истеҳсоли орд дар ноҳияи Рашт соли 2014 аз ҳисоби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба танзим даровардани нархи орд ва маҳсулоти аввалин дар бозорҳои минтақаи Рашт таъсис ёфтааст. Он имрӯзҳо барои ба танзим даровардани нархи маҳсулот дар мағозаю бозорҳои минтақа саҳми арзанда мегузорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 8, 2024 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад