ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ 2-И ОСИЁ. «Равшан» дар сафар дастаи футболи «Ал-Вакра»-и Қатарро мағлуб намуд

Декабрь 5, 2024 09:29

ДУШАНБЕ, 05.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Шоми 4 декабр дастаи футболи «Равшан»-и Тоҷикистон бозии охирини гурӯҳиро дар мавсими имсолаи Лигаи чемпионҳои 2-и Осиё бо ғалаба анҷом дод. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Бозӣ байни дастаҳои футболи «Равшан»-и Тоҷикистон ва «Ал-Вакра»-и Қатар дар варзишгоҳи «Ал-Ҷануб»-и шаҳри Давҳа баргузор гардида, бо ҳисоби 2:0 ба нафъи дастаи футболи «Равшан»-и Тоҷикистон хотима ёфт.

Голҳои дастаи футболи «Равшан»-и Тоҷикистон дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои 2-и Осиё -2024/25 дар меҳмонӣ бар дастаи «Ал-Вакра»-и Қатарро Азизбек Ҳаитов ва Амирҷон Сафаров ба нишон расониданд.

Дар гурӯҳи «А»-и мусобиқот, ки дастаи футболи «Равшан»-и Тоҷикистон ба он дохил аст, аллакай дастаҳои футболи «Трактор»-и Эрон бо 10 имтиёз ва «Ал-Вакра»-и Қатар бо 4 имтиёз роҳхати марҳилаи плей-оффро соҳиб шуданд. Дастаи футболи «Равшан»-и Тоҷикистон бо 3 имтиёз дар зинаи сеюми ҷадвали гурӯҳ аст. Дастаи «Моҳун-Баган»-и Ҳиндустон- дастаи дигар дар ин гурӯҳ аз идомаи мусобиқа берун шуд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Декабрь 5, 2024 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд