ЛИГАИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН. «Истиқлол» бар дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ғолиб омад

Декабрь 12, 2024 10:25

ДУШАНБЕ, 12.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар бозии охирини мавсими имсолаи Лигаи олии Тоҷикистон дар даври 22-юм рақобат намуданд. Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуда, бо ҳисоби 1 бар 0 ба анҷом расид. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ягона голи ғалабаовари бозиро аз ҳайати дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Дарко Илиески дар дақиқаи иловагии 90+3-и бозӣ ба нишон расонид. Ҳамин тавр, дар ин бозии муҳим дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб мағлуб шуд. Дар сурати ғалаба дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб барандаи медали нуқраи Лигаи олии Тоҷикистон мегардид.

Ба ҳамин тартиб, дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо 59 имтиёз барандаи медали тилло ва ҷоми мусобиқа шуд. Дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо 43 имтиёз соҳиби медали нуқра гардид. Дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо 41 имтиёз барандаи медали биринҷӣ шуд.

Тибқи натиҷаи соли 2024 дастаи футболи «Куктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ Лигаи олии чемпионати Тоҷикистонро тарк мекунад. Дастаи футболи «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ, ки ғолиби Лигаи якуми Тоҷикистон гардид, соли 2025 ҳуқуқи иштирок дар чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олиро пайдо намуд.

Ёдовар мешавем, ки оғози мавсими навбатии мусобиқоти чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ 7 марти соли 2025 дар назар аст. Мисли имсол чемпионати Тоҷикистон дар ду давра бо иштироки 12 даста баргузор мешавад. Давоми мавсим ҳар даста дар чемпионат 22 вохӯрӣ мегузаронад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Декабрь 12, 2024 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд