Маҳмадтоир Зокирзода дар Москва аз ташаббуси ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон оид ба Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда ёдовар шуд

Декабрь 10, 2024 16:41

ДУШАНБЕ, 10.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар кори ҷаласаи муштараки Шурои Ассамблеяи парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва ҷаласаи пленарии ҳабдаҳуми Ассамблеяи мазкур, ки таҳти раёсати Раиси Думаи давлатии Федератсияи Русия Вячеслав Володин баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон иттилоъ дод.

Иштирокчиёни ҷаласа масъалаҳои ҳамоҳангсозии қонунгузории давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва муқовимат ба чолишҳою таҳдидҳои амниятиро баррасӣ намуданд.

Иштирокчиёни ҷаласа ҳамчунин лоиҳаи Муроҷиатномаи Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба вакилони парлумони ҷаҳон дар робита ба 80-солагии Ғалабаро қабул намуданд.

Маҳмадтоир Зокирзода иброз намуд, ки ҷаласа дар шароити бисёр душвор ва осебпазири рушди муосири ҷаҳонӣ ва минтақавӣ баргузор мешавад. Имрӯз аз ҳарвақта бештар барои таъмини амният ва рушди устувор муттаҳидсозии талошҳои муштарак дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ зарур аст.

«Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба қабули қатъномаи махсуси Созмон «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамин ҳадафҳоро дар назар дорад», — таъкид намуд Раиси Маҷлиси намояндагон.

Дар фарҷом аз таваҷҷуҳ ва ғамхории Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва оилаи онҳо гуфта шуд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 10, 2024 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд