МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Турб ба хориҷ шудани холестерин аз организм мусоидат менамояд
ДУШАНБЕ, 08.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Турб сабзавоте аст, ки истеъмоли оби он ҷудошавии шираи меъдаро метезонад ва ҳазми хӯрокро дар организм беҳтар намуда, кори рӯдаро тақвият мебахшад ва ба хориҷ шудани холестерин аз организм мусоидат менамояд. Абӯалӣ ибни Сино турби дар асал хобондаро ҳангоми илтиҳоби роҳи нафас, сил ва сулфа бисёр давои фоидаовар фармудааст. Мутаассифона, бо вуҷуди дар бозорҳои мамлакат фаровону арзон будани турб сокинон ҳангоми тановули ғизо аз он кам истифода мебаранд.
Ба гуфтаи мутахассисон, истеъмоли оби турб мубодилаи моддаҳоро дар организм метезонад. Турб оби зиёд, вале калорияи паст дорад. Ҳамзамон чун хӯриш истеъмол намудани он ба организм фоидабахш аст. Хӯрдани турбро барои узвҳои даруни сина, паҳлу ва сипурз мувофиқ мешуморанд. Инчунин тухмашро агар ҳар рӯз бихӯранд, ба ин узвҳо фоида мебахшад.
Табиби машҳур Ибни Мосавия чунин гуфтааст: «Оби турбро бинӯшанд, таомро ҳазм менамояд, гиреҳҳои рагҳоро дар ҷигар ва сипурз мекушояд; ба истисқо, иллатҳои сипурз ва зардпарвин фоида дорад; тухмаш бодҳои дарунро пароканда менамояд, иштиҳо меоварад, пасмондаи ғизоро ба зудӣ аз рӯдаҳо берун меронад ва барои дарди ҷигар нафъ дорад».
Агар хӯроки вазнин истеъмол намуда, аз болояш 2,5 г тухми турбро хоида бихӯранд, онро зуд ҳазм менамояд. Ҳар рӯз аз тухмаш як маҳал 2 — 3 г бихӯранд, дарди пайвандҳо (буғумҳо)-ро ба ислоҳ меоварад ва хориши баданро, ки сабабаш бисёр ҷамъ шудани балғам бошад, нест мекунад. Худи турбро низ бихӯранд, ин бемориҳоро рафъ месозад.
Дар «Канзи шифо» омадааст, ки агар турбро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, сулфаи кӯҳнаи чандвақтаро шифо ва дарди гулӯро сиҳат менамояд.
Турб барои меъда бо як хислаташ зарарнок аст, ки оруғ меоварад. Таом хӯрда, аз болояш турб истеъмол намоянд, шикамро мулоим мекунад ва барои ғизоро ба узвҳои бадан фиристодан кумак медиҳад.
Тавре табибон тавсия медиҳанд, турб барои иваз намудани норасоии витаминҳо ва намакҳои минералӣ дар бадан хеле муфид аст. Он хусусияти қавии зиддимикробӣ дошта, шарбаташро барои фаъолияти дурусти рӯда ва мустаҳкамкунии мӯй истеъмол менамоянд. Ин сабзавот ба системаи ҳозимаи инсон таъсири мусбат расонида, итеъмолаш атеросклероз, варамҳо, пайдоиши сангҳо дар роҳҳои пешобро бартараф месозад. Ҳамзамон дар тибби халқӣ турби аз турбтарошак баровардаро барои рафъи радикулит истифода мебаранд.
Турб сабзавоте аст, ки ҳарорати баданро ба меъёр меорад. Он ҳарорати баданро фароварда, сардиҳоро, ки аз ҳарорати пешбинишуда ба вуҷуд омадаанд, бартараф месозад. Дар ин ҳолат ба оби турб камтар намак андохта, нӯшидан фоидабахш аст. Инчунин турб бар зидди сироятҳое, ки ҳароратро мебардоранд, мубориза мебарад. Истеъмоли шарбати турб ҳамроҳ бо сабзӣ ва лаблабу барои камхунӣ воситаи хуб мебошад.
Мутахассисони соҳаи тиб хӯрдани турбро дар ҳолатҳои зерин тавсия намедиҳанд: дар вақти ҳомиладорӣ, илтиҳоби рӯдаи ғафс ва борик, захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, бемориҳои ҷигар ва гурда (ба истиснои ҳолатҳои ташаккули санг) ва дар гастрит бо кислотаи баланд. Одамоне, ки чанде пеш сактаи дил (инфаркт)-ро аз сар гузаронидаанд, набояд турбро аз меъёр зиёд истеъмол намоянд.
АКС аз манбаъҳои боз








Гули садбарг кӯчаву хиёбон ва боғу гулгаштҳои Душанберо зебу зиннат мебахшад
ИСТИҚЛОЛ ВА АДОЛАТИ СУДӢ: Нақши Пешвои миллат дар таҳкими ҳокимияти судӣ ва волоияти конститутсия
ТАВСИЯИ МУФИД. Барои хуб нашъунамо ёфтани гул дар шароити хона интихоби хок омили асосӣ аст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Аҳамияти он ба таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ ва волоияти қонун дар Тоҷикистон мусоидат менамояд
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар ниҳолхонаҳо зиёда аз 120 ҳазор ниҳоли павловния парвариш меёбад
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
АЗ ДУДИ АНГИШТ ЗАҲРОЛУД НАШАВЕД! Тавсияҳои судманд оид ба истифодаи бехатари ангишт дар фасли зимистон
ОЗОДАПАЛАНГ- ҲАЙВОНИ НОДИРИ КӮҲҲОИ БАРФПӮШИ ТОҶИКИСТОН
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд






