МЕҲРГОН-ИДИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Ин ҷашни бостонии тоҷикон ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид
ДУШАНБЕ, 08.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ҷашни суннатии мардуми тоҷик – «Меҳргон» расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид. Ҷашни Меҳргон, пеш аз ҳама, иди меҳру муҳаббат, дӯстию рафоқат, накӯкорӣ, тантанаи барзгарон буд, ки ниёгонамон баъди ҷамъоварии ҳосил онро ҷашн мегирифтанд.
Тавре Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Муҳриддин Низомӣ иброз намуд, Иди Меҳргон монанди ҷашнҳои дигари аҷдодӣ, мисли Наврӯзу Тиргон ва Сада ҷанбаҳои амиқи фалсафӣ, иҷтимоӣ, тақвимӣ-нуҷумӣ (фалакӣ), кишоварзӣ ва маданӣ дорад.
Зимнан, таҷлили ҷашни Меҳргон бо ҳаводиси устуравии пирӯзии Фаридун бар Беваросп (Заҳҳок) иртиботи сириштӣ ва фикрӣ пайдо намудааст. Дар ин замина фарҳангшиноси бузурги асримиёнагии тоҷик Абурайҳони Берунӣ, ки доир ба зиндагии оинӣ ва маросимии миллию мардумӣ таълифоти ҷиддӣ ба мерос гузоштааст, дар «ат-Тафҳим» нигоштааст: «Меҳргон шонздаҳум рӯз аст аз меҳрмоҳ ва номаш меҳр, андар ин рӯз Афридун зафар ёфт бар Беварасби ҷоду, он ки маъруф аст ба Заҳҳок ва ба кӯҳи Дамованд боздошт ва рӯзҳо, ки сипаси Меҳргон аст, ҳама ҷашнанд ба кирдори он-ч пас аз Наврӯз бувад».
Ба андешаи Муҳриддин Низомӣ, «сарчашмаҳои куҳани таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки ниёгони мо дар ҷашни Меҳргон кӯчаю хиёбонҳо ва хонаҳоро тозаю озода намуда, кинаю кудуратро аз дил дур месохтанд ва сӯи якдигар бағали меҳрубонӣ ва ҳамдигарбахшӣ мекушоданд. Онҳо дар ин рӯз ҷомаю пероҳани арғувонӣ мепӯшиданд ва ба ҳамдигар табрикномаҳо ҳадя мекарданд, онҳоро атрогину хушбӯй месохтанд ва дар лифофаҳои зебо мегузоштанд».
Муҳриддин Низомӣ иброз дошт, ки суфраи ҷашни Меҳргонро низ бо матое, ки ранги арғувон дорад, густурда мекарданд. Дар рӯи дастархони ҷашнӣ шамъ, ширинӣ, хӯрданиҳои маҳаллӣ ва бӯйҳои хуш, монанди гулоб, ҳазориспанд, анбар ва заъфарон мегузоштанд. Анъанае буд, ки агар дар рӯзи ҷашни Меҳргон тифле ба дунё ояд, ба ӯ номе мегузоштанд, ки вожаи «меҳр» дар он бошад. Масалан, Меҳрнигор, Меҳринисо, Меҳрубон, Меҳрангез, Меҳрдод, Меҳрноз, Меҳрваш, Меҳрдухт.
«Аз нигоришу тавсифҳои аҳли илму адаб ва ривоятҳои бостонӣ бармеояд, ки Меҳргон ҷашне аст табиӣ ва айёме аст, ки ба табиат, ба салтанат ва рӯзгори мардум иртиботи ногусастанӣ дорад. Ҳамин тавр, мо имрӯз Меҳргони Аҷамро ҳамчун айёми фархундаи солу анҷоми корҳои деҳқонӣ ҷашн гирифта, таманно менамоем, ки он ба хонадони ҳар тоҷикистонӣ саодату фараҳмандӣ, оромию осудагӣ, баракату фаровонӣ биёрад», -таъкид намуд Ректори донишкада .
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








АРТИШИ МИЛЛӢ-ОМИЛИ УСТУВОРИИ ДАВЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
33-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Ин неруи боэътимод имрӯз амнияти давлат ва оромии ҷомеаро ҳифз менамояд
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд
ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ СИЁСӢ. Андешаҳо оид ба робитаи мутақобил ва омилҳои таъсиргузори он
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва тарғиб карда шаванд
АЗ АРЗИШҲОИ ТАМАДДУН ТО СУННАТҲОИ БАШАРДӮСТОНА. Назаре ба масъалаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хӯроки вазнин боиси авҷи бемории гастрит мегардад
«ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Барои баргузории ин озмуни ҷумҳуриявӣ зиёда аз 9 миллион сомонӣ ҷудо гардид






