Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон назаррас аст

Декабрь 5, 2024 17:32

ДУШАНБЕ, 05.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 30 сол муқаддам дар вазъияти бениҳоят ҳассос, дар марҳилаи кӯшиши нигоҳ доштани ҳокимияти конститутсионӣ, барқарорсозии сохторҳои аз лиҳози техникиву кадрӣ фалаҷгаштаи қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу идораи давлатӣ ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим, ҳалли масъалаи гурезагон, ба ҳаёти муқаррарӣ баргардонидани шаҳрвандони маъюсу ноумед ва кӯшиши пурталоши ба имзо расонидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дар амал татбиқ намудани меъёрҳои ҳуқуқии дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷгардида- яъне Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ, ниҳоди сиёсӣ бо номи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Имрӯз ифтихори бузург аст, ки дар заминаи пойдории сулҳ, истиқлоли комил, ваҳдати миллӣ, яъне ягонагию муттаҳидию сарҷамъӣ бо сарбаландӣ аз аъзогӣ ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 30-солагии ин ташкилоти бонуфузи сиёсиро таҷлил менамоем.

— Зеро Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ роҳи бунёди танҳо давлати ҳуқуқбунёду демократиро пеша намуд.

Бо таъсиси ин ниҳоди сиёсӣ Сарвари мардумии мамлакат ҳадафу мақсади онро муайян намуда, пеш аз ҳама, фаъолияти онро ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва ниёзҳои иҷтимоии тамоми аҳолии мамлакат равона намуданд.

Бо пеша кардани шиори «Барои пешрафт ва таъмини зиндагии шоистаи аҳолӣ» ҳизби дар асл халқиву демократӣ байни мардум бо анҷом додани тадбирҳои амалӣ ва расидан ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ нуфузи зиёд пайдо намуд.

Зиёд шудани аъзои он, афзал шуморидани самтҳои муҳими барномаҳои миёнамуҳлати ҳизбӣ, дастгирии барномаҳои номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намояндагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, иштироки бевоситаи аҳолӣ ва фаъолонаи ҷавонон дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ-интихоботи парлумонӣ ва президентӣ ва фоизҳои баланди ҷонибдорон аз байни аҳолӣ натиҷаи фаъолияти густурдаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.

Гуфтан ба маврид аст, ки масъалаи ҷавонон, таъмини шароити худташаккулёбии ҷавонон ва аз ҳама муҳим, дарёфти роҳу механизмҳои сиёсати давлатӣ дар самти ҷавонон яке аз масъалаҳои меҳварии фаъолияти иҷтимоии давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ маҳсуб шуда, мутобиқ ба сиёсати муайяннамудаи Ҳукумати мамлакат масъалаҳои марбут ба ҳаёт ва фаъолияти ҷавонон, дастгирии пайвастаи ҷавонон, ташаккули тарзи ҳаёти солим ба василаи имконияти рушди соҳаи варзиш бо пешбинӣ намудани дурнамои ин соҳаҳо ҳанӯз дар барномаҳои нахустини миёнамуҳлати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти ҳизб интихоб ва муайян гардида буданд.

Бояд гуфт, ки ҷавонон ҳамчун қувваи бузурги дорои иқтидори зеҳниву ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сармояи бузурги инсониро ташкил медиҳанд.

Зеро аз ҳисоби рушди бемайлони демография имрӯз Тоҷикистон ҷумҳурии ҷавон буда, синни миёнаи аҳолии онро 24 сол ва тақрибан 70 фисади онро насли ҷавони то 35-сола ташкил медиҳад.

Вобаста ба ин заминаҳои меъёрию ҳуқуқии устуворкунандаи мавқеи ҷавонон, аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон», «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон» ва якчанд барномаҳои миёнамуҳлати соҳавӣ бо мақсади таъмини иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ, таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷавонон, таъмини шуғли пурмаҳсули ҷавонон, ташаккули тарзи ҳаёти солим, тарбияи ахлоқи ҳамида ва фарҳангдӯстии ҷавонон ва таъмини дастрасии ҷавонон ба таҳсили муносиб қабул гардида, имрӯз мавриди амал қарор доранд.

Дар доираи амали ин санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии мукаммал дар самти ҷавонон бо ташаббус ва иқдоми беназири Президенти Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди имконоти зеҳнию ҷисмонии ҷавонон ҳанӯз аз соли 1998 ҳавасмандии арзишмандтарин бо таъсиси стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки то имрӯз теъдоди он ба 3000 нафар расидааст, амалӣ гардид.

Инчунин дар марҳилаҳои минбаъдаи рушди давлатдорӣ, афзал шуморидани масъалаи татбиқи босифат ва самараноки сиёсати давлатии ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шурои миллии кор бо ҷавонон бо мақсади дастрасӣ ба мушкилоти ҷавонон, амалигардонии ҳавасмандиҳо, дастгирии пайваста ва муайян намудани стратегияи рушди ҷавонон дар даҳсолаҳои минбаъда таъсис дода шуд.

Дар робита ба чунин иқдоми бузург инчунин грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон барои ташкилоти ҷамъиятии кор бо ҷавонон, бурсияҳо барои дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ барои ҷавонон аз оилаҳои ниёзманд ва ҷавондухтарон аз деҳаҳои дурдаст, сохтмони иншооти варзишӣ, ки шумораи онҳо имрӯз ба зиёда аз 10 000 адад мерасад, зиёда аз 100 мактаби варзишӣ, марказҳои омодагии олимпӣ ва маҳорати олии варзишӣ таваҷҷуҳи беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки дар доираи барномаҳои номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон амалӣ гардида, имрӯз ҷавонон аз онҳо пурра баҳравар ва аз лиҳози зеҳнию ҷисмонӣ мусаллаҳ мебошанд.

Хусусан бо ибтикори Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон доштани озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ва «Илм- фурӯғи маърифат», ки дар сатҳи зарурӣ бо фарогирии зиёди насли наврасу ҷавон доир мегарданд, аз таваҷҷуҳ ба рушди зеҳнияти ин насли тавонманди ҷомеа дарак медиҳанд.

Ҷавонон ояндаи давлат ва симои миллат мебошанд ва ҳадафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ таъмини зиндагии босаодату шоиста ба ин гурӯҳи муҳими ҷомеа мебошад.

Таваҷҷуҳи доимӣ ва меҳварии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон боис гардид, ки имрӯз ҷавонони лаёқатманду соҳибистеъдод дар низоми идоракунии давлатӣ бо ишғоли мансабҳои баланди хизмати давлатӣ фаъолияти назаррас намуда, дар заминаи сиёсати созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ барои амалигардонии ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон саҳми муносиб мегузоранд.

Инчунин зиёд гардидани сафи олимони ҷавон, фароҳам овардани шароити мусоиди таҳқиқотӣ-пажуҳишӣ, дастгирии навоварӣ ва навгониҳои илмӣ, муайян намудани ҷоизаҳои баланди давлатӣ барои ҳавасмандгардонии олимони ҷавон нишонаи татбиқи ҳамаҷонибаи вазифаҳои барномавии ҳизбӣ мебошад.

Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ, рушди босуръати техникаю технологияи инноватсионӣ, татбиқи тадбирҳои рақамикунонӣ дар тамоми соҳаҳои муҳими давлатӣ тақозои омода намудани кадрҳои баландихтисосу мутобиқ ба талаботи муосирро дошта, дар заминаи тадбирҳои стратегии барномавии ҳизбӣ ин масъала низ роҳи ҳалли худро пайдо намудааст. Дар заминаи дастгирӣ ва таваҷҷуҳи саривақтии Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёда аз 45 ҳазор ҷавон барои гирифтани ихтисос ва ҳамчун мутахассисони сатҳи байналмилалӣ омода шудан дар хориҷи ҷумҳурӣ таҳсили илм доранд.

Рисолати имрӯзаи ҳизбиёни ҷавон аз он иборат аст, ки дар нигаҳдошти арзишҳои миллӣ, муқаддасоти давлатӣ, манфиатҳои миллӣ, ғояҳои оинномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон содиқ бошанд, дар корҳои ободонию созандагӣ ва рушди ҷомеаву давлат бо маърифати баланди ҳуқуқӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ дар пайравӣ аз мактаби далерию ҷасорат, ватандӯстию меҳанпарварӣ, созандагию бунёдкорӣ ва аз ҳама муҳим, муҳаббати беканори Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба мардуми шарифи Тоҷикистон саҳм гузоранд.

Бигзор осмони соф, сулҳу субот, якдилию якмаромию ягонагӣ, муттаҳидию сарҷамъӣ, сиёсати созандаю бунёдкорона ва хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша поянда бошад.

Дилноза АҲМАДЗОДА,
муовини сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 5, 2024 17:32

Хабарҳои дигари ин бахш

«РОҒУН» — ШОҲАСАРИ ЭНЕРГЕТИКАИ НАВИН ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ТОЗА. Ин иншооти азим Тоҷикистонро ба истиқлоли комили энергетикӣ мерасонад
ТАРМАФАРОӢ. Барои пешгирии ин офати табиӣ кадом корҳоро бояд анҷом дод?
Соли 2025 барои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ «Соли таъмини сифати таҳсилот» эълон гардид
БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Тоҷикистон дар харитаи ҷаҳонии сайёҳӣ метавонад ҷойгоҳи арзандаро ишғол намояд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар назди Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ бинои нав сохта мешавад
Соҳибкасб намудани шаҳрвандон кафолати таъмини зиндагии шоиста мебошад
ГУЗАРИШ БА НИЗОМИ РАҚАМИКУНОНӢ. Масъалаҳои вусъат додани истифодаи технологияҳои муосири рақамӣ бояд ҳарчи зудтар таъмин шаванд
ДАРОМАДИ ПУЛИИ АҲОЛӢ. Аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024 расонида шуд, яъне 3,6 баробар зиёд гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Инсон ба бемории гайморит аз беэҳтиётӣ нисбат ба саломатӣ гирифтор мешавад
РУШДИ ФАРҲАНГ. Соли 2000 барои соҳаи фарҳанг ва варзиш 13 миллион сомонӣ ҷудо шуда, соли 2024 ин рақам ба 1,7 миллиард сомонӣ расид
Чаро кӯдакон нисбат ба калонсолон бештар ба зуком гирифтор мешаванд?
Соли 2024 фаъолияти беш аз 600 иншооти соҳаи тандурустӣ муваққатан манъ карда шуд