ҶОМИ ОСИЁ-2025. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон ба сабади дуюми қуръакашӣ дохил шуд
ДУШАНБЕ, 21.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Конфедератсияи футболи Осиё тартиб ва таркиби сабадҳои маросими қуръакашии Ҷоми Осиё-2025 байни дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-соларо эълон кард. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Қуръакашии қисми ниҳоӣ 23 январ дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё, воқеъ дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия баргузор шуда, соати 12:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар баробари дастаҳои мунтахаби наврасони Австралия, Яман ва Узбекистон вориди сабади дуюм шуд. Ҳангоми тақсимоти дастаҳои мунтахаб ба сабадҳо КФО натиҷаҳои се Ҷоми Осиё байни дастаҳои мунтахаби наврасон (Ҳиндустон, 2016; Малайзия, 2018 ва Тайиланд, 2023)-ро ба назар гирифтааст.
Ҷоми Осиё-2025 байни дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-сола аз 3 то 20 апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад. Дастаҳое, ки ба даври чорякниҳоӣ роҳ меёбанд, ба Ҷоми ҷаҳон-2025, ки дар Қатар баргузор мегардад, роҳхат пайдо мекунанд.
Таркиби сабадҳои маросими қуръакашии Ҷоми Осиё-2025 байни дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-сола.
Сабади 1: Арабистони Саудӣ (мизбон), Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Эрон;
Сабади 2: Австралия, Яман, Узбекистон, ТОҶИКИСТОН;
Сабади 3: Тайиланд, Ветнам, Уммон; Афғонистон;
Сабади 4: Чин, Индонезия, Кореяи Шимолӣ, АМА
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид






